Намоиши кори мушакандози чандгонаи "Ураган" дар Украина - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия кори ҷангии маҷмааи мушакандози чандгонаи "Ураган"-ро дар майдони амалиёти низомӣ дар Украина ба намоиш гузошт
Нерӯҳои мушакандози чандгонаи "Ураган" амалиёти нобудсозии нерӯҳои украиниро анҷом доданд.
"Воҳидҳои мушакандозҳои чандгонаи "Ураган"-и Ҳавзаи марказии низомии Русия вазифаҳои гузошташудаи ҳарбиро дар майдони амалиёти низомӣ амалӣ карда истодаанд", - омадааст дар иттилоия.
Нишон дода шудаст, ки маҷмаа ба мавқеъгирӣ карда, бо мушакҳои 220-мм мавзеъҳои нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор додаанд. Дақиқияту самти оташкушоӣ аз "Ураган" тавассути бесарнишинҳо таъмин карда мешавад.
Сеяки ҳайати шахсӣ нобуд шуд: Русия талафоти Украинаро гуфт
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0