https://sputnik.tj/20221009/qirghiziston-mashq-saad-nizomiyoni-tojik-laghv-1051996269.html
Қирғизистон машқҳои муштарак бо ҳузури низомиёни тоҷикро лағв кард
Қирғизистон машқҳои муштарак бо ҳузури низомиёни тоҷикро лағв кард
Sputnik Тоҷикистон
Машқҳои "Бародарии осебнопазир"-и нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки тайи қариб 10 соли охир баргузор мешуданд, имсол лағв гардиданд
2022-10-09T11:35+0500
2022-10-09T11:35+0500
2022-10-09T13:55+0500
нерӯ
амният ва мудофиа
қирғизистон
низомиён
машқҳои низомӣ
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046189650_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_9b2b0b18bd34eda3341f899e847b9e70.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Роҳбарияти Вазорати мудофиаи Қирғизистон қарор кардааст, ки машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД бекор карда шаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати дифои кишвар хабар додаст. Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" нимаи моҳи октябри соли равон дар қаламрави Қирғизистон дар назар буданд. Қаблан мақомоти қирғиз эълон дошта буданд, ки барои ин машқҳо, ки аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуданд, омодагӣ мебинанд. Дар мавриди далелҳои лағви ин чорабинии амниятии байналмилалӣ мақомоти Қирғизистон хабар надодаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин машқҳо иштироки низомиёни Тоҷикистон низ дар назар буд. Сардори ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров нимаи моҳи сентябр хабар дода буд, ки тасдиқи хаттӣ дар мавриди иштироки низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар машқҳо дар қаламрави Қирғизистонро гирифтаанд. Дар ин машқҳо ба ҷуз аз низомиёни тоҷику қирғиз, иштироки нирӯҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия дар назар буд. Ба тамринҳо нозирон аз Ӯзбекистон, Сербия, Сурия, Туркманистон ва Муғулистон даъват шуда буданд. Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2012 машқҳо бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД таҳти унвонии "Бародарии осебнопазир" мунтазам баргузор мешаванд.
https://sputnik.tj/20221005/razmoish-qazoqiston-saad-1051901213.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046189650_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_660863f0da19f220f286dfa214b7512b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лағв, машқ, қирғизистон
Қирғизистон машқҳои муштарак бо ҳузури низомиёни тоҷикро лағв кард
11:35 09.10.2022 (Навсозишуда: 13:55 09.10.2022) Машқҳои "Бародарии осебнопазир"-и нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки тайи қариб 10 соли охир баргузор мешуданд, имсол лағв гардиданд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Роҳбарияти Вазорати мудофиаи Қирғизистон қарор кардааст, ки машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД бекор карда шаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати дифои кишвар хабар додаст.
Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" нимаи моҳи октябри соли равон дар қаламрави Қирғизистон дар назар буданд. Қаблан мақомоти қирғиз эълон дошта буданд, ки барои ин машқҳо, ки аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуданд, омодагӣ мебинанд.
Дар мавриди далелҳои лағви ин чорабинии амниятии байналмилалӣ мақомоти Қирғизистон хабар надодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин машқҳо иштироки низомиёни Тоҷикистон низ дар назар буд.
Сардори ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров нимаи моҳи сентябр хабар дода буд, ки тасдиқи хаттӣ дар мавриди иштироки низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар машқҳо дар қаламрави Қирғизистонро гирифтаанд.
Дар ин машқҳо ба ҷуз аз низомиёни тоҷику қирғиз, иштироки нирӯҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия дар назар буд.
Ба тамринҳо нозирон аз Ӯзбекистон, Сербия, Сурия, Туркманистон ва Муғулистон даъват шуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2012 машқҳо бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД таҳти унвонии "Бародарии осебнопазир" мунтазам баргузор мешаванд.