https://sputnik.tj/20221009/minsk-safiri-ukraina-nota-1051998565.html
Минск ба сафири Украина нота дод: Чаро?
Минск ба сафири Украина нота дод: Чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Беларус далели ироаи нота ба сафири Украина дар Минскро бо изҳорот дар бораи нақшаи ҳамлаи Киев ба қаламрави ҶБ рабт дод
2022-10-09T15:59+0500
2022-10-09T15:59+0500
2022-12-22T14:04+0500
белорус
идм
украина
нота
сиёсат
сафир
минск
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577904_0:333:3048:2048_1920x0_80_0_0_16ab577c5f36b88beaccaee3c87241d9.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Беларус ҳолати эҳзор ва супоридани нота ба сафири Украина дар Минскро тасдиқ кард, хабар дод РИА "Новости". Ба иттилои манбаъ, котиби матбуотии вазорати хориҷаи Беларус, Анатолий Глаз дар суҳбат бо хабаргузории мазкур изҳор доштаст, ки "ман танҳо ин маълумотро тасдиқ карда метавонам, ки сафири Украина ба Вазорати корҳои хориҷии Беларус даъват шуда, ба ӯ нотаи дахлдор дода шудааст.. Далели супоридани нота ва эътирози Минск ба изҳорот дар бораи нақшаи ҳамлаи Киев ба қаламрави Беларус арзёбӣ гардидаст. Қаблан вазорати умури хориҷаи Украина гуфт, ки сафири ин кишвар дар Минск Игор Кизим барои супурдани нота ба Вазорати хориҷаи Беларус даъват шудааст. Ҷониби Украина изҳор дошт, ки маълумоти дар он овардашуда ба воқеият мувофиқат намекунад ва онро тавтеаи низоми Белорус хондасту чун "иғвои Русия" арзёбӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар авоили моҳи октябр гуфт, ки Украина дар марз бо ҶБ иғвоҳо ташкил мекунад ва як гурӯҳи то 15 ҳазор сарбозро ба он ҷо фиристодааст. Вай таъкид кард, ки низомиёни белорус дар амалиёти вижа дар Украина ширкат намекунанд, вазифаи Минск ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳо ба қаламрави худ, бахусус аз Лаҳистон, Литва ва Латвия мебошад. Вазири хориҷаи Беларус Владимир Макей дар поёни моҳи сентябр гуфт, ки Беларус ба Украина зарба заданӣ нест ва манфиатдор аст, ки низоъ ҳарчӣ зудтар хотима ёбад.
https://sputnik.tj/20221009/muzokirot-jang-tramp-ukraina-1051996497.html
белорус
украина
минск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577904_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_2c17a918128d6c86d9db19c9aac00ca0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нота, зӯроварӣ, минск, киев
нота, зӯроварӣ, минск, киев
Минск ба сафири Украина нота дод: Чаро?
15:59 09.10.2022 (Навсозишуда: 14:04 22.12.2022) Мақомоти Беларус далели ироаи нота ба сафири Украина дар Минскро бо изҳорот дар бораи нақшаи ҳамлаи Киев ба қаламрави ҶБ рабт дод
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Беларус ҳолати эҳзор ва супоридани нота ба сафири Украина дар Минскро тасдиқ кард, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, котиби матбуотии вазорати хориҷаи Беларус, Анатолий Глаз дар суҳбат бо хабаргузории мазкур изҳор доштаст, ки "ман танҳо ин маълумотро тасдиқ карда метавонам, ки сафири Украина ба Вазорати корҳои хориҷии Беларус даъват шуда, ба ӯ нотаи дахлдор дода шудааст..
Далели супоридани нота ва эътирози Минск ба изҳорот дар бораи нақшаи ҳамлаи Киев ба қаламрави Беларус арзёбӣ гардидаст.
Қаблан вазорати умури хориҷаи Украина гуфт, ки сафири ин кишвар дар Минск Игор Кизим барои супурдани нота ба Вазорати хориҷаи Беларус даъват шудааст.
Ҷониби Украина изҳор дошт, ки маълумоти дар он овардашуда ба воқеият мувофиқат намекунад ва онро тавтеаи низоми Белорус хондасту чун "иғвои Русия" арзёбӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар авоили моҳи октябр гуфт, ки Украина дар марз бо ҶБ иғвоҳо ташкил мекунад ва як гурӯҳи то 15 ҳазор сарбозро ба он ҷо фиристодааст.
Вай таъкид кард, ки низомиёни белорус дар амалиёти вижа дар Украина ширкат намекунанд, вазифаи Минск ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳо ба қаламрави худ, бахусус аз Лаҳистон, Литва ва Латвия мебошад.
Вазири хориҷаи Беларус Владимир Макей дар поёни моҳи сентябр гуфт, ки Беларус ба Украина зарба заданӣ нест ва манфиатдор аст, ки низоъ ҳарчӣ зудтар хотима ёбад.