Бунёди боғ то 30-юмин солгарди Эмомалӣ Раҳмон дар қудрат: Раиси Суғд ниҳолшинонӣ рафт

© Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдҲашари ниҳолшинонии мақомдорони Суғд дар боғи нави пеши Қасри Арбоб
Ҳашари ниҳолшинонии мақомдорони Суғд дар боғи нави пеши Қасри Арбоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2022
Обуна шудан
Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он раис интихоб шуд, дар Суғд боғи муҳташаме бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Бунёди боғ дар назди Қасри таърихии Арбоб идома дорад, ки расо 30 сол қабл дар он Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олӣ интихоб гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, дар назар аст то нимаи моҳи ноябр боғи мазкур ба истифода дода шавад. Ҷараёни сохтмони боғро мунтазам раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода назорат карда, баъзан рӯзҳои истироҳаташро низ дар он ҷо мегузаронад.
Аз ҷумла Аҳмадзода ҳамроҳ бо 400 нафар кормандони ташкилоту идораҳо бо баргузории ҳашар барои сабзу хуррамгардонии боғи фароғатӣ саҳм гузоштанд. Дар ҳудуди боғ ҳамзамон мумфаршкуниву омодасозии роҳравҳо, нишастгоҳҳо, фаввораҳо ҷараён дорад, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Тибқи лоиҳа иншоот бо дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо сохта шуда, барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Парвариши таҷрибавӣ: "Боғи Сомон" метавонад ба Тоҷикистону Русия ангури бедона диҳад
Аҳмадзода зимни боздид бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи иншоот ошно шуда, ба сохтмончиёну мутахассисон ва рассомону ҳунармандон суҳбат карда, барои татбиқи босифати лоиҳа супориш додаст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд таъкид намудаст, ки бунёди боғи мазкур бахшида 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст, ки имсол таҷлил мегардад.
Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон раис интихоб гардид.
Таъкид гардидааст, ки иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ минбаъд баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдории таҳкурсии давлат, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.
Лентаи хабарҳо
0