Тоҷикистон ба СПАД маълумот дар бораи қурбониёни даргириҳо бо Қирғизистонро пешниҳод кард

© Sputnik / Камар АхрорПовреждённые дома жителей деревни Чоркух из-за перестрелки на границе Таджикистана и Кыргызстана
Повреждённые дома жителей деревни Чоркух из-за перестрелки на границе Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2022
Обуна шудан
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба кишварҳои узви СПАД дар бораи паёмадҳои таҷовузи низомии Қирғизистон ба Тоҷикистон маълумоти муфассал дод
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Бар асари низоъ дар марз бо Қирғизистон дар моҳи сентябр ҳудуди 60 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 230 тани дигар захмӣ шуданд.
Чунин маълумотро Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар нишасти муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дод.
Имомӣ ба кишварҳои узви СПАД дар бораи паёмадҳои таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишудаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки "14-17 сентябри соли 2022 аз ҷониби сохторҳои мусаллаҳи Қирғизистон 59 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд <...>, 234 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, 296 иншооти инфрасохтори ғайринизомӣ тахриб шуданд, аз ҷумла се муассисахои таълимй, ду муассисаи тиббй ва се масчид".
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти 20-солаи марзӣ: Дипломати тоҷик мушкили тавофуқот бо Бишкекро гуфт
Ба гузориши ВКХ, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи созмон табодули афкор намуда, омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва дигар чорабиниҳои СПАД, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Арманистон дар назар аст, баррасӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша миёни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 14 ва 16 сентябр бо шиддати тоза авҷ гирифт.
Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро дар оғози таниш айбдор карданд. КДАМ Тоҷикистон гуфт, ки Қирғизистон бо истифода аз паҳбодҳо нуқтаҳои аҳолинишинро ҳадаф қарор дод, ки фавти бештари ғайринизомиён далели ин аст.
Лентаи хабарҳо
0