Тағйироти музди миёнаи меҳнат дар давоми 27 сол

Обуна шудан
Вазорати меҳнати кишвар иттилоъ додааст, ки то 1 августи соли 2022 музди миёнаи меҳнат дар кишвар ба 1711,3 сомонӣ баробар шудааст
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар гузориши ахири худ хабар додааст, ки аз соли 1995 то ба 1 августи соли 2022 дар ҷумҳурӣ музди миёнаи меҳнат аз 0,92 сомонӣ ба 1711,3 сомонӣ баробар шуда, 18 маротиба бо Фармонҳои Президенти Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати кишвар маоши вазифавии кормандони буҷетӣ зиёд карда шуд.
“Музди миёнаи меҳнат дар солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020 ва ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ мутаносибан 0,92 сомонӣ, 15,5 сомонӣ, 83,5 сомонӣ, 354,4 сомонӣ, 878,9 сомонӣ, 1335,5 сомонӣ ва 1711,3 сомониро ташкил намуд”, - иттилоъ додааст вазорат.
Ҳамзамон вазорати меҳнат хабар додааст, ки ба ҳолати 1 августи соли 2022 нисбат ба соли 2000 музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ 123,8 маротиба, вилояти Хатлон 130 маротиба, вилояти Суғд 119,3 маротиба, шаҳри Душанбе 80,1 маротиба ва ШНТҶ 57,8 маротиба зиёд гардид.
Зикр шудааст, ки агар дар соли 1998 андозаи ҳадди ақали музди меҳнат 1 сомониро ташкил дода бошад, айни замон андозаи он ба 600 сомонӣ расид.
Лентаи хабарҳо
0