Навори нобудсозии қатори зиреҳпӯшҳои украинӣ аз сӯи нерӯҳои Русия - видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия ҳамла ба корвони мошинҳои низомии Украинаро нишон дод: дар натиҷаи ҳамла ду танк ва панҷ воҳиди дигар мошинҳои зиреҳпӯш нобуд карда шуданд
Артиллерияи Русия дар ҷараёни як амалиёти вижа корвони техникаи зиреҳпӯши Украинаро нобуд кард. Наворҳои сабтшуда аз ҳавопаймои бесарнишинро Вазорати дифои Русия пешниҳод кардааст.
Дар оғози навор мошинҳои ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина нишон дода шудаанд, ки дар роҳе аз тариқи дар майдони кушод бо пешоҳангии як танк ҳаракат мекунанд. Маҳалли дақиқ, ки видео дар куҷо наворбардорӣ шудаст, маълум нест.
Нозирони болдори Русия: паҳподҳои “Орлан-10” чӣ тавоноӣ доранд - видео
Баъди чанд сония гулӯлаҳои артиллерия ба мобайни қатори техникаи низомӣ меафтанд, ки дар як лахза техникаро нобуд мекунанд. Мошинҳое, ки аз паси онҳо меоянд, дарҳол меистанд.
"Хизматчиёни нерӯҳои ҳавоии десантӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин як колоннаи зиреҳпӯши Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро кашф карда, аз тӯпхона оташ заданд ва ба нерӯи корӣ ва техникаи ҳарбии душман зарба заданд", - гуфт вазорати дифои Русия.
Мақомоти дифоӣ афзуд, ки дар натиҷаи зарба ду танк ва панҷ адад мошини дигари зиреҳпӯш нобуд карда шуданд.
Дар поёни навор таҷҳизоти харобшуда ва ҷасади сарбозони украинӣ намоиш дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0