Дар ИДМ як созмони нав пайдо мешавад

© Foto / Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМФлаги и эмблема Содружества Независимых Государств
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Обуна шудан
Президенти Русия аз пешниҳоди таъсиси созмони таблиғотии забони русӣ дар кишварҳои ИДМ пуштибонӣ кард ва гуфт, Маскав барои амали намудани он чора меандешад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) имкон дорад созмони байналмиллалӣ барои дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ таъсис дода шавад.
Ташкили чунин созмон аз сӯйи раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод шудааст.
Пешниҳоди Тоқаевро раҳбари Русия Владимир Путин дастгирӣ кард. Ӯ қайд кард, ки забони русӣ забони муоширати байнидавлатӣ мебошад.
"Миллионҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар Русия кор мекунанд, ки ба Русия дар иҷрои нақшаҳои рушди кумак мекунанд ва барои таъмини оилаҳои худ худашон маблағи зарурӣ кор мекунанд", - таъкид кард президенти Русия.
 Президент России Владимир Путин и президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Лукашенко ба Путин трактори беларусӣ тақдим кард
Ба гуфтаи ӯ, Маскав барои ҳарчӣ зудтар амалӣ шудани ин иқдом, аз ҷумла бо дарназардошти соли 2023, ки соли забони русӣ дар ИДМ эълон шудааст, ин пешниҳодро рӯи кор мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Тоқаев ин пешниҳодашро дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург баён кард.
Мулоқот дар рӯзи таҷлили 70-умин солгарди раҳбари давлати Русия ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0