https://sputnik.tj/20221006/jon-bokhtani-uzvi-khonavoda-afsar-pulisi-afghoniston-eron-1051954119.html
Ҷон бохтани 10 узви хонаводаи як афсари пешини пулиси Афғонистон дар Эрон
Ҷон бохтани 10 узви хонаводаи як афсари пешини пулиси Афғонистон дар Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки як афсари пешини пулис бо 10 узви хонаводааш дар Эрон бар асари инфиҷори газ ҷон бохтаанд
2022-10-06T22:00+0500
2022-10-06T22:00+0500
2022-10-06T22:00+0500
афғонистон
эрон
таркиш
газ
ҷон додан
пулис
афсар
хонавода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102848/82/1028488206_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_d7daa7979d876e0add3eee3d3066f1c7.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Манобеъ дар Эрон мегӯянд, ки Фаридун Умарёр, афсари пешини вазорати дохилаи ҳукумати пешини Афғонистон бо 10 узви хониводааш, дар асари инфиҷори газ дар ин кишвари ҷон бохтаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Бар асоси маълумоти манобеъ ин рӯйдоди нохуш ахиран дар шаҳристони муларади Теҳрон рух додааст.Яке аз наздикони Умарёр дар суҳбат бо хабарнигори “ҳашти субҳ” гуфт: "шаби гузашта газ нашт карда ва бомдод бо равшан кардани ломпи хонаи мунфаҷир шудааст”.Манбаъ афзуд, ки дар пайи ин инфиҷор ба шумули Умарёр, хонумаш, писарону духтаронаш низ кушта шудаанд.Ӯ изофа кард, ки Умарёр се рӯзи пеш ба далели озору азияти толибон ба Эрон фирор кард ва дар як зеризаминӣ зиндагӣ мекард.Ёдовар мешавем, ки баъд аз омадани толибон дар Афғонистон ба сари қудрат, аксари кормандони пулис ва низомиёни ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гурӯҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.Ба гуфтаи коршиносон баъд аз омадани толибон ба сари қудрат вазъи иқтисодии Афғонистон бад шудааст.
https://sputnik.tj/20221006/hushdori-smm-furuposhii-iqtisodi-afghoniston-1051942787.html
https://sputnik.tj/20221006/jamovarii-besh-az-10-hazor-gado-tavassuti-tolibon-az-kuchahoi-shahri-kobul-1051952034.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102848/82/1028488206_69:0:790:541_1920x0_80_0_0_16732892aa265ea73b01860d79b497fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, эрон, фавт, ҷон бохтан, хонавода, муҳоҷир, афсари пулис
афғонистон, эрон, фавт, ҷон бохтан, хонавода, муҳоҷир, афсари пулис
Ҷон бохтани 10 узви хонаводаи як афсари пешини пулиси Афғонистон дар Эрон
Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки як афсари пешини пулис бо 10 узви хонаводааш дар Эрон бар асари инфиҷори газ ҷон бохтаанд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Манобеъ дар Эрон мегӯянд, ки Фаридун Умарёр, афсари пешини вазорати дохилаи ҳукумати пешини Афғонистон бо 10 узви хониводааш, дар асари инфиҷори газ дар ин кишвари ҷон бохтаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Бар асоси маълумоти манобеъ ин рӯйдоди нохуш ахиран дар шаҳристони муларади Теҳрон рух додааст.
Яке аз наздикони Умарёр дар суҳбат бо хабарнигори “ҳашти субҳ” гуфт: "шаби гузашта газ нашт карда ва бомдод бо равшан кардани ломпи хонаи мунфаҷир шудааст”.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи ин инфиҷор ба шумули Умарёр, хонумаш, писарону духтаронаш низ кушта шудаанд.
Ӯ изофа кард, ки Умарёр се рӯзи пеш ба далели озору азияти толибон ба Эрон фирор кард ва дар як зеризаминӣ зиндагӣ мекард.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз омадани толибон дар Афғонистон ба сари қудрат, аксари кормандони пулис ва низомиёни ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гурӯҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон баъд аз омадани толибон ба сари қудрат вазъи иқтисодии Афғонистон бад шудааст.