https://sputnik.tj/20221006/iqtisoddon-mintaqaho-nav-rusiya-qurb-rubl-taghyir-1051940407.html
Иқтисоддон гуфт, ки минтақаҳои нави Русия қурби рублро чӣ гуна тағйир медиҳанд
Иқтисоддон гуфт, ки минтақаҳои нави Русия қурби рублро чӣ гуна тағйир медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба Федератсияи Русия ҳамроҳ шудани қаламравҳои нав ба иқтисоди кишвар таъсири мусбӣ мерасонад: пеш аз ҳама, он устувортар мешавад, мегӯяд коршинос
2022-10-06T15:51+0500
2022-10-06T15:51+0500
2023-02-08T19:45+0500
иқтисод
иқтисоддон
рубл
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045404758_0:168:3043:1880_1920x0_80_0_0_c5d6b168d354695795bd5eeb3172d54d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мавқеи рубл аз ҳисоби сармоягузорӣ дар минтақаҳои нав мустаҳкам мешавад. Дар ин бора номзади илмҳои иқтисодӣ Михаил Беляев изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, пайдоиши лоиҳаҳои сармоягузории марбут ба фаъолияти иқтисодӣ дар минтақаҳои нави Федератсияи Русия, инчунин афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ ба иқтисоди Русия таъсири мусбат мерасонад. Коршинос таъкид кард, ки харҷи зиёди барқарорсозии ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Запороже ва Херсон дар оянда ба фоида табдил хоҳад ёфт. Вай қайд кард, ки "мо аз иқтисодиёти миллӣ пул намекашем, балки маблағгузорӣ мекунем".Афзоиши қаламрави кишвар минтақаи рублро низ васеъ хоҳад кард, гуфт мусоҳиби радиои Sputnik."Агар иқтисод пас аз пайдо шудани субъектҳои нав тавассути лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ устувортар шавад, пас пули миллӣ низ қавитар мешавад", - хулоса кард коршинос.Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонун дар бораи пайвастани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Запороже ва Херсон ба Федератсияи Русияро имзо кард. Тибқи санадҳо, дар минтақаҳои нави Русия асъор рубл хоҳад буд, аммо то 31 декабри соли 2022 барои ҳисоббаробаркуниҳо, гривнаи украинӣ низ иҷоза дода мешавад.
https://sputnik.tj/20220930/putin-sanadi-payvastani-donetsk-lugansk-kherson-zaparozhiero-1051794336.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045404758_156:0:2887:2048_1920x0_80_0_0_cd5e616072046c47c7e1ba128464ad4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисоддон минтақаҳо нави русия қурб рублро тағйир
иқтисоддон минтақаҳо нави русия қурб рублро тағйир
Иқтисоддон гуфт, ки минтақаҳои нави Русия қурби рублро чӣ гуна тағйир медиҳанд
15:51 06.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Ба Федератсияи Русия ҳамроҳ шудани қаламравҳои нав ба иқтисоди кишвар таъсири мусбӣ мерасонад: пеш аз ҳама, он устувортар мешавад, мегӯяд коршинос
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мавқеи рубл аз ҳисоби сармоягузорӣ дар минтақаҳои нав мустаҳкам мешавад. Дар ин бора номзади илмҳои иқтисодӣ Михаил Беляев изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, пайдоиши лоиҳаҳои сармоягузории марбут ба фаъолияти иқтисодӣ дар минтақаҳои нави Федератсияи Русия, инчунин афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ ба иқтисоди Русия таъсири мусбат мерасонад.
Коршинос таъкид кард, ки харҷи зиёди барқарорсозии ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Запороже ва Херсон дар оянда ба фоида табдил хоҳад ёфт.
"Ин метавонад як хароҷоти мустақими буҷаи Русия барои сохтмони хонаҳо ва корхонаҳо ба назар расад, аммо дар асл ин сармоягузорӣ хоҳад буд", - шарҳ дод Беляев.
Вай қайд кард, ки "мо аз иқтисодиёти миллӣ пул намекашем, балки маблағгузорӣ мекунем".
Афзоиши қаламрави кишвар минтақаи рублро низ васеъ хоҳад кард, гуфт мусоҳиби радиои Sputnik.
"Агар иқтисод пас аз пайдо шудани субъектҳои нав тавассути лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ устувортар шавад, пас пули миллӣ низ қавитар мешавад", - хулоса кард коршинос.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонун дар бораи пайвастани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Запороже ва Херсон ба Федератсияи Русияро имзо кард.
Тибқи санадҳо, дар минтақаҳои нави Русия асъор рубл хоҳад буд, аммо то 31 декабри соли 2022 барои ҳисоббаробаркуниҳо, гривнаи украинӣ низ иҷоза дода мешавад.