Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад: сабаб

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПрилет президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Москву
Прилет президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Обуна шудан
Вай дар пойтахти шимолӣ бо раисиҷумҳури Русия ва дигар сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидору мулоқот мекунад
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ меравад.
Дар ин бора дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ин нишаст дар назар аст, ки 7 октябр дар шаҳри Санкт-Петербург барпо шавад.
Сухангӯи Владимир Путин Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки мулоқоти сарони кишварҳои муштарак-ул-манофеъ дар шакли дидори мустақим мегузарад.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Путин ба Раҳмон Орден дод
Ташаббуси баргузории мулоқоти анъанавии ғайрирасмӣ аз сӯйи Владимир Путин, раҳбари Русия ироа шудааст, ки ҳамасола доир мешавад.
Ба гуфтаи сухангуи президенти Русия Дмитрий Песков, мулоқот дар Қасри Константиновский баргузор мешавад. Ӯ онро як рӯйдоди хеле муҳим дар заминаи омодагӣ ба нишасти ҳафтаи ояндаи ИДМ хонд.
Охирин мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ соли 2021 ҳамчунин дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Он замон Путин пеш аз Соли нав – 28 декабр ҳамтоёни худро ба пойтахти шимолӣ даъват кард
Лентаи хабарҳо
0