https://sputnik.tj/20221006/dust-nav-putin-rusiya-maghlubnashavanda-1051933766.html
ВАО: Дӯсти нави Путин Русияро шикастнопазир хоҳад кард
ВАО: Дӯсти нави Путин Русияро шикастнопазир хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Маскав дар симои пурқувваттарин давлати Шарқи Наздик дастгирӣ ёфт. Ин кишвар ба Русия кӯмак мекунад, ки рӯзҳои душворро паси сар кунад
2022-10-06T11:42+0500
2022-10-06T11:42+0500
2023-02-08T19:45+0500
арабистони саудӣ
сиёсат
нафт
иқтисод
дар ҷаҳон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/14/1050121998_0:404:2921:2047_1920x0_80_0_0_f80078d4f5d8bee879cce0fe25029d54.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин барои Федератсияи Русия шарики нави қавӣ пайдо кард. Дар ин бора Boomberg менависад. Ба гуфтаи муаллифи нашрия, Маскав метавонад аз Риёз ҳимояти қобили мулоҳиза дарёфт кунад.Вай қайд кард, ки Риёз бо Маскав кор мекунад, то истихроҷи нафти ОПЕК+-ро дар рӯз то 2 миллион бушка коҳиш диҳад, то қимати нафтро дастгирӣ кунад. Ёдовар мешавем, Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт дар нишасти ахири худ дар Вена тасмим гирифта буд, ки истихроҷи нафтро аз моҳи ноябр то 2 миллион баррел коҳиш диҳад ва ҳамчунин ин тавофуқро то охири соли 2023 тамдид кунад. Квотаҳо дар доираи созишномаи ОПЕК+ аз моҳи августи соли 2022 ҳамчун асос барои ҳисоб кардани коҳиши истихроҷи нафт гирифта мешаванд.Чунин тадбирҳо бо назардошти номуайяниҳо ҳам дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳам дар бозори нафт андешида шуданд. Коршиносони Маркази рушди энержӣ мутмаинанд, ки тасмими ОПЕК+ аз нархи сӯзишворӣ пуштибонӣ мекунад ва аз поин рафтани он дар моҳҳои оянда аз 80 доллар барои як бушка пешгирӣ мекунад.Агар нархҳо дубора ба арзишҳои зикршуда наздик шаванд, Арабистони Саудӣ метавонад ба коҳиши якҷонибаи истеҳсолот равад, илова карданд коршиносон.
https://sputnik.tj/20220809/bloomberg-avrupo-pinhoni-rusiya-naft-mekharad-1050586029.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/14/1050121998_192:0:2921:2047_1920x0_80_0_0_26a67a224f9e3982058349c3c9d3c3f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вао путин русия шикастнопазир
вао путин русия шикастнопазир
ВАО: Дӯсти нави Путин Русияро шикастнопазир хоҳад кард
11:42 06.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Маскав дар симои пурқувваттарин давлати Шарқи Наздик дастгирӣ ёфт. Ин кишвар ба Русия кӯмак мекунад, ки рӯзҳои душворро паси сар кунад
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин барои Федератсияи Русия шарики нави қавӣ пайдо кард. Дар ин бора Boomberg менависад.
Ба гуфтаи муаллифи нашрия, Маскав метавонад аз Риёз ҳимояти қобили мулоҳиза дарёфт кунад.
"Путин дар симои Арабистони Саудӣ як дӯсте пайдо кард, ки дар баробари Русия ОПЕК+-ро раҳбарӣ мекунад", - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки Риёз бо Маскав кор мекунад, то истихроҷи нафти ОПЕК+-ро дар рӯз то 2 миллион бушка коҳиш диҳад, то қимати нафтро дастгирӣ кунад.
Ёдовар мешавем, Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт дар нишасти ахири худ дар Вена тасмим гирифта буд, ки истихроҷи нафтро аз моҳи ноябр то 2 миллион баррел коҳиш диҳад ва ҳамчунин ин тавофуқро то охири соли 2023 тамдид кунад.
Квотаҳо дар доираи созишномаи ОПЕК+ аз моҳи августи соли 2022 ҳамчун асос барои ҳисоб кардани коҳиши истихроҷи нафт гирифта мешаванд.
Чунин тадбирҳо бо назардошти номуайяниҳо ҳам дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳам дар бозори нафт андешида шуданд.
Коршиносони Маркази рушди энержӣ мутмаинанд, ки тасмими ОПЕК+ аз нархи сӯзишворӣ пуштибонӣ мекунад ва аз поин рафтани он дар моҳҳои оянда аз 80 доллар барои як бушка пешгирӣ мекунад.
Агар нархҳо дубора ба арзишҳои зикршуда наздик шаванд, Арабистони Саудӣ метавонад ба коҳиши якҷонибаи истеҳсолот равад, илова карданд коршиносон.