https://sputnik.tj/20221006/afzoishi-nazarrasi-daromadi-pulii-aholi-1051946055.html
Афзоиши назарраси даромади пулии аҳолӣ дар 26 соли ахир
Афзоиши назарраси даромади пулии аҳолӣ дар 26 соли ахир
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки даромади пулии аҳолӣ аз 185,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 81 279,4 млн. сомонӣ дар соли 2022 баробар шуд
2022-10-06T17:52+0500
2022-10-06T17:52+0500
2022-10-06T17:52+0500
дар тоҷикистон
аҳолӣ
фоида
вазорати меҳнат
шуғл
сабади истеъмолӣ
иқтисод
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a913786569dea5a08ee8383049b07a67.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Арзиши сабади истеъмолӣ ба ҳолати 1 июли соли 2022 барои аҳолӣ 1091,2 сомониро ташкил дод, иттилоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, даромади пулии аҳолӣ аз 185,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 81 279,4 млн. сомонӣ дар соли 2022 баробар шуд.“Даромади ҳар нафари аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз 7,25 сомонӣ дар соли 1998 ба 684,5 сомонӣ дар соли 2021 расонида шуда, хароҷот ва пасандозҳои аҳолӣ аз 175,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 92 877,8 млн. сомонӣ дар соли 2021 баробар шуд”, - иттилоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ин давра хароҷоти истеъмолии як аъзои хонавода дар як моҳ аз 6,23 сомонӣ ба 781,8 сомонӣ баробар гардид.Вазорат зикр кардааст, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон вобаста ба танзим ва муқаррар намудани меъёри арзиши сабади истеъмолӣ Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ дар бораи муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Тоҷикистон” қабул гардид.Қайд карда шудааст, ки нишондиҳандаҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бемайлон рушд ёфта, шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шуда истодааст.
https://sputnik.tj/20221006/az-1-to-1711-somoni-maqomoti-guft-dar-tuli-27-sol-muzdi-miyonai-mehnat-chi-qadar-ziyod-shud-1051940978.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4d642e617d16e744d574f4fc141d0473.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, даромад, аҳолӣ, сабади истеъмолӣ, вазорати меҳнат, мақомот
тоҷикистон, даромад, аҳолӣ, сабади истеъмолӣ, вазорати меҳнат, мақомот
Афзоиши назарраси даромади пулии аҳолӣ дар 26 соли ахир
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки даромади пулии аҳолӣ аз 185,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 81 279,4 млн. сомонӣ дар соли 2022 баробар шуд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Арзиши сабади истеъмолӣ ба ҳолати 1 июли соли 2022 барои аҳолӣ 1091,2 сомониро ташкил дод, иттилоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, даромади пулии аҳолӣ аз 185,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 81 279,4 млн. сомонӣ дар соли 2022 баробар шуд.
“Даромади ҳар нафари аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз 7,25 сомонӣ дар соли 1998 ба 684,5 сомонӣ дар соли 2021 расонида шуда, хароҷот ва пасандозҳои аҳолӣ аз 175,1 млн. сомонӣ дар соли 1996 ба 92 877,8 млн. сомонӣ дар соли 2021 баробар шуд”, - иттилоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ин давра хароҷоти истеъмолии як аъзои хонавода дар як моҳ аз 6,23 сомонӣ ба 781,8 сомонӣ баробар гардид.
Вазорат зикр кардааст, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон вобаста ба танзим ва муқаррар намудани меъёри арзиши сабади истеъмолӣ Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ дар бораи муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Тоҷикистон” қабул гардид.
Қайд карда шудааст, ки нишондиҳандаҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бемайлон рушд ёфта, шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шуда истодааст.