Рутбаи нави Қодиров – генерал полковник

© Sputnik / Кирилл КаллиниковГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Обуна шудан
Ба раҳбари Чеченистон рутбаи навбатии низомӣ доданд, Рамазон Қодиров, ки то имрӯз генрал-лейтинант буд акнун ба генерал полковник табдил ёфт
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров рутбаи генерал-полковники Қӯшунҳои дохилӣ дод, дар ин бора Қодиров дар Телеграмм-канали худ хабар додааст.
"Мехоҳам боз як хабари хушро бо шумо расонам. Раисиҷумҳури Русия ба ман рутбаи генерал-полковник дод. Фармон таҳти рақами 709 содир шудааст. Дар ин бора ба ман Владимир Владимирович шахсан хабар дода, маро табрик кард", — навиштааст ӯ.
Қодиров ба Путин барои баҳои баландаш изҳори сипос кард ва ваъда дод, шоистаи боварии ращбари Русия хощад буд".
Трое сыновей Кадырова в ближайшее время отправятся в зону спецоперации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Қодиров нишон дод писаронаш чӣ метавонанду гуфт, онҳо ба хати ҷанг мераванд – видео
Вай инчунин қайд кардааст, ҳоло “сарбозони мо дар ҶМД ва дар вилояти Херсон амалиёти бомуваффакияти ҳуҷумиро анҷом медиҳанд”.
"Онҳо деҳа ба деҳа ва посгоҳҳоу нуқтаҳои муҳими стратегиро озод мекунанд. Воқеан дар ин лаҳза нерӯҳои Русия дар набардҳои шадид ба пеш ҳаракат доранд", - афзуд Рамазон Қодиров.
Ёдовар мешавем, раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз баҳори соли ҷорӣ генерал-лейтенанти нерӯҳои дохилӣ буд. Соли 2004 низ унвони Қаҳрамони Русияро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0