Инфиҷор назди вазорати дохилаи ҳукумати толибон: омори аввалияи талафот 28 куштаву захмӣ

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузариш ба медиабонкВид на город Кабул
Вид на город Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Обуна шудан
Инфиҷор дар наздикии бинои вазорати дохилаи ҳукумати толибон дар пойтахти Афғонистон шуморе кушта ва захмӣ барҷой гузоштааст
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ҳануз аз навъи инфиҷор ва талафоти эҳтимолии он итилоъи дақиқе дар даст нест, ин дар ҳолест, ки хабаргузории Алҷазира эълом кардааст ки дар ин инфиҷори 3 тани кушта ва 25 нафари дигар захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини бемористони Кобул эълом кардааст, ки дар пайи инфиҷори имрӯз дар масҷиде дар наздикии вазорати дохилаи 20 захмӣ ба ин шифохона интиқол дода шуданд, ки ду нафари онон дар ҳамон ибтидои вуруд ҷон бохтанд.
Абдулнофеъ Такур, сухангӯии вазорати дохилаи толибон дар ин бора гуфт, ки дар масҷиде дар наздикии вазорати дохилаи инфиҷоре рух додааст, ки бархе аз кормандони ин вазоратхона низ дар он ҳузур доштанд.
Члены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Рӯзи ҷумъа дар Кобул боз аз инфиҷору марги даҳҳо нафар оғоз шуд
Вай ҷузъиёти бештаре дар ин бора ироа накардааст.
Дар баробари ин, хабаргузории “Aamaj News” аз 30 кушта ва 50 захмӣ хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки пештар ҳамлаи террористӣ дар як маркази таълимии Кобул сурат гирифт, ки дар он даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Ҳодиса субҳи рӯзи ҷумъаи 30 сентябр дар маркази "Коҷ" дар ноҳияи Дашти Барчӣ ба амал омада, дар пайи он ҳадди ақал 19 нафар кушта ва 27 нафар маҷрӯҳ шуданд. Бино ба гузоришҳо, ин таркиш ҳангоми имтиҳонсупории таълимгирандагон рух додааст. Бисёре аз қурбониёнро духтарон ташкил додаанд.
Машины скорой помощи в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2022
Инфиҷор дар масҷиди гузаргоҳи Ҳирот: Ансорӣ кушта шуд
Ҳамларо интиҳорие амалӣ кардааст.
Қаблан ҳамлаҳои террористиро дар Афғонистон, ки умдатан рӯзҳо ҷумъа дар маконҳои таҷаммӯи намогузорон амалӣ карда мешаванд, созмони террористии ДОИШ* ба уҳда мегирифт.
Толибҳо дар зимн эълон медоранд, ки мубориза алайҳи терроризмро дар кишвар тақвият додаанд.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои ИМА ва НАТО баъди ҳузури 20-солаашон тобистони соли 2021 қаламрави Афғонистонро тарк карданд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ толибҳо минтақаҳои кишварро ғасб намуда, нимаи моҳи августи соли гузашта шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро ғасб намуданд.
Лентаи хабарҳо
0