https://sputnik.tj/20221005/erdughon-payom-rahmon-taqviyati-hamkori-1051898284.html
Эрдуғон дар паёмаш ба Раҳмон аз пайвандҳои таърихӣ гуфту умедвори тақвияти ҳамкорӣ шуд
Эрдуғон дар паёмаш ба Раҳмон аз пайвандҳои таърихӣ гуфту умедвори тақвияти ҳамкорӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Туркия гуфт, Анкара барпо намудани ояндаи муштаракамонро дар асоси ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба идома хоҳад дод
2022-10-05T16:30+0500
2022-10-05T16:30+0500
2022-10-05T16:30+0500
туркия
дар тоҷикистон
раҷаб тайиб эрдуғон
эмомалӣ раҳмон
табрикот
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462011_0:0:3207:1804_1920x0_80_0_0_290fb05c6aaeb31ee24652c3e7918a01.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдоган дар паёми шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки муносибатҳои ду кишвар тақвият хоҳанд ёфт.“Муносибатҳо бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, ки дорои пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад, дар сулҳу субот, таҳкими фазои пешрафт ва таъмини рушди иқтисодӣ дар минтақа, инчунин ҳамбастагӣ миёни мардумон саҳми худро мегузоранд”, - гуфтааст раҳбари Туркия дар паёмаш.Дар ин паёмаш Раҷаб Тайип Эрдоган роҳбари Тоҷикистонро аз номи миллат ва шахсан худаш бо 70-умин солгарди зодрӯзаш табрику таҳният гуфтааст.Дар ин паёмаш оқои Эрдуғон ба Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои оилааш тансиҳативу шодкомӣ ва умри дароз таманно намудааст.Ҳамчунин раҳбари Туркия ба мардуми Тоҷикистон рифоҳу осоиштагии пойдор орзу кардааст.
https://sputnik.tj/20221005/rahmon-robitaho-tojikiston-rusiya-rushd-khohand-kard-1051893572.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462011_234:0:2965:2048_1920x0_80_0_0_8b6fb022d96fd26a26df2ef2ffb70a9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, эрдуғон, эмомалӣ раҳмон, паёми шодбошӣ, табрик, тақвият, равобит
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, эрдуғон, эмомалӣ раҳмон, паёми шодбошӣ, табрик, тақвият, равобит
Эрдуғон дар паёмаш ба Раҳмон аз пайвандҳои таърихӣ гуфту умедвори тақвияти ҳамкорӣ шуд
Раисҷумҳури Туркия гуфт, Анкара барпо намудани ояндаи муштаракамонро дар асоси ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба идома хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдоган дар паёми шодбошии худ ба муносибати зодрӯзи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки муносибатҳои ду кишвар тақвият хоҳанд ёфт.
“Муносибатҳо бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, ки дорои пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад, дар сулҳу субот, таҳкими фазои пешрафт ва таъмини рушди иқтисодӣ дар минтақа, инчунин ҳамбастагӣ миёни мардумон саҳми худро мегузоранд”, - гуфтааст раҳбари Туркия дар паёмаш.
Дар ин паёмаш Раҷаб Тайип Эрдоган роҳбари Тоҷикистонро аз номи миллат ва шахсан худаш бо 70-умин солгарди зодрӯзаш табрику таҳният гуфтааст.
“Дар марҳилаҳои минбаъда низ дар заминаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳамкории наздик бо Шумо барпо намудани ояндаамонро бо бовару қотеъияти муштарак идома хоҳем дод”, - изҳори умедворӣ кардааст раисҷумҳури Туркия.
Дар ин паёмаш оқои Эрдуғон ба Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои оилааш тансиҳативу шодкомӣ ва умри дароз таманно намудааст.
Ҳамчунин раҳбари Туркия ба мардуми Тоҷикистон рифоҳу осоиштагии пойдор орзу кардааст.