Баррасии таъсиси Фонди дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар Душанбе

© Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ ТоҷикистонИмкониятҳои дастгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардиданд
Имкониятҳои дастгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардиданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Обуна шудан
Ахиран дар Душанбе мақомоти кишвар бо созмонҳои байналмилалӣ ду масъалаи муҳим аз ҷумла имкониятҳои дастгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон таъсиси Фонди дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ахиран дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ҷаласа дар бораи пешниҳоди тадқиқотҳои лоиҳаи СБМ “Васеъ намудани имкониятҳои оилаҳои мондашуда баҳри беҳтарсозии натиҷаҳои муҳоҷират дар вилояти Хатлон”, ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст, баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки дар кори ҷаласа кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок доштаанд.
Таджикский мигрант в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Дар Русия назорати муҳоҷират пурзӯр мешавад
Зикр карда шудааст, ки дар чорабинӣ ду масъала, таъсиси Фонди дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва натиҷаҳои тадқиқоти лоиҳаи “Васеъ намудани имкониятҳои оилаҳои мондашуда баҳри беҳтарсозии натиҷаҳои муҳоҷират дар вилояти Хатлон” муарифӣ гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шудааст, ки дар фарҷоми нишаст дар бораи истифодаи имкониятҳои дастгирии оилаҳои муҳоҷирон як қатор тавсияҳо қабул шуданд.
Лентаи хабарҳо
0