https://sputnik.tj/20221004/tolibon-khurosoni-asliha-nafaron-taslim-kunad-1051847542.html
Толибон аз Хуросонӣ хостанд аслиҳа ва нафаронашро таслим кунад
Толибон аз Хуросонӣ хостанд аслиҳа ва нафаронашро таслим кунад
Sputnik Тоҷикистон
Амири пешини амнияти толибон дар Панҷшер пас аз дархости толибон барои таслимшавӣ гуфт, таърих Абдурраҳмон Ғадорро такрор накунед, чун паймони хуб надорад
2022-10-04T09:00+0500
2022-10-04T09:00+0500
2022-10-04T09:11+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
фармондеҳ
таслим
аслиҳа
ихтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042598961_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_9e58ea3fad9f92fca557b4a714611d28.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Фармондеҳи пешини амниятии вилояти Панҷшер, Ҳамиди Хуросонӣ дар як наворе гуфтааст, ки фармондеҳи сипоҳи марказии гурӯҳи толибон аз ӯ хост таҷҳизоту афродашро таслим кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Хуросонӣ мегӯяд, аз ӯ хоста шудаст, дар пайи таслими афроду силоҳ худаш дар бахши сипоҳи марказӣ аскарӣ кунад. Вай таъкид дорад, ки фармондеҳи сипоҳи марказии толибҳо ба ӯ ду рӯз муҳлат додааст.Хуросонӣ мегӯяд, ки ӯ аз ихтори ҳеч кас наметарсад ва аз фармондиҳи сипоҳи марказии толибон ҳам наметарсад ва монанди Амруллоҳи Солеҳ, ғуломбача намебошад ва касе ба ӯ ихтор дода наметавонад.Ӯ ишора ба раҳбарони гурӯҳи толибон мегуяд, ки бояд раҳбарони Аморати Исломӣ инро дунбол кунанд ва ин ҳукуматро бояд қавмӣ накунанд ва агар ҷурми ӯ Панҷшер бошад пас ин ватан аз шумо мебошад.Вай гуфт, шумо хиёнат кардаед ва моро таҳдид ба марг накунед, чун мо бидуни Амруллоҳ Солеҳ ба касе сар хам намекунем ва фармондиҳи сипоҳи марказии толибон ҳам болои ман вазифа карда наметавонед.Оқои Хуросонӣ гуфтааст, ки дар баробари ҳукуматҳои пешин ва кишварҳои истиъморгар размидааст ва чун тарафдори Амороти Исломӣ будем ба Аморат Исломӣ пайвастем ва то бадин дам хомӯш будем ва барои як ҳукумати исломии содиқона кор кардем ва ҳамаи хешовандони мо бо ман душман шудааст.Вай афзуд, ки гурӯҳи толибон дар ҳақи неруҳояш хиёнат кардааст, то кунун афроди ӯ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳеҷ маоше дарёфт накарда аст.Хуросонӣ ҳамчунон дар поён суханонаш мегуяд, ки таърихи Абдураҳмони Ғаддорро такрор накунед, ки пайомад хуб надорад.Ёдоварӣ мекунем, ки аз оғози ҳамлаи гурӯҳи толибон бар вилояти Панҷшери оқои Хуросонӣ ба ин гурӯуҳи пайваст ва то кунун бо ин гурӯҳ аст.
https://sputnik.tj/20221003/peshnihodi-hikmatiyor-tashkili-davlati-intiqol-afghoniston-1051832375.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042598961_50:0:881:623_1920x0_80_0_0_c22118a063b1a47d47801da5f49d6e9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, панҷшер, ҳамид хуросонӣ, таслим, нафаронаш, аслиҳа, паймон
афғонистон, толибон, панҷшер, ҳамид хуросонӣ, таслим, нафаронаш, аслиҳа, паймон
Толибон аз Хуросонӣ хостанд аслиҳа ва нафаронашро таслим кунад
09:00 04.10.2022 (Навсозишуда: 09:11 04.10.2022) Амири пешини амнияти толибҳо дар Панҷшер пас аз дархости ин гуруҳ барои таслимшавӣ гуфт, таърихи Абдурраҳмони Ғадорро такрор накунед, чун паёмади хуб надорад
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Фармондеҳи пешини амниятии вилояти Панҷшер, Ҳамиди Хуросонӣ дар як наворе гуфтааст, ки фармондеҳи сипоҳи марказии гурӯҳи толибон аз ӯ хост таҷҳизоту афродашро таслим кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Хуросонӣ мегӯяд, аз ӯ хоста шудаст, дар пайи таслими афроду силоҳ худаш дар бахши сипоҳи марказӣ аскарӣ кунад. Вай таъкид дорад, ки фармондеҳи сипоҳи марказии толибҳо ба ӯ ду рӯз муҳлат додааст.
Хуросонӣ мегӯяд, ки ӯ аз ихтори ҳеч кас наметарсад ва аз фармондиҳи сипоҳи марказии толибон ҳам наметарсад ва монанди Амруллоҳи Солеҳ, ғуломбача намебошад ва касе ба ӯ ихтор дода наметавонад.
Ӯ ишора ба раҳбарони гурӯҳи толибон мегуяд, ки бояд раҳбарони Аморати Исломӣ инро дунбол кунанд ва ин ҳукуматро бояд қавмӣ накунанд ва агар ҷурми ӯ Панҷшер бошад пас ин ватан аз шумо мебошад.
Вай гуфт, шумо хиёнат кардаед ва моро таҳдид ба марг накунед, чун мо бидуни Амруллоҳ Солеҳ ба касе сар хам намекунем ва фармондиҳи сипоҳи марказии толибон ҳам болои ман вазифа карда наметавонед.
Оқои Хуросонӣ гуфтааст, ки дар баробари ҳукуматҳои пешин ва кишварҳои истиъморгар размидааст ва чун тарафдори Амороти Исломӣ будем ба Аморат Исломӣ пайвастем ва то бадин дам хомӯш будем ва барои як ҳукумати исломии содиқона кор кардем ва ҳамаи хешовандони мо бо ман душман шудааст.
Вай афзуд, ки гурӯҳи толибон дар ҳақи неруҳояш хиёнат кардааст, то кунун афроди ӯ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳеҷ маоше дарёфт накарда аст.
Хуросонӣ ҳамчунон дар поён суханонаш мегуяд, ки таърихи Абдураҳмони Ғаддорро такрор накунед, ки пайомад хуб надорад.
Ёдоварӣ мекунем, ки аз оғози ҳамлаи гурӯҳи толибон бар вилояти Панҷшери оқои Хуросонӣ ба ин гурӯуҳи пайваст ва то кунун бо ин гурӯҳ аст.