Нозирони болдори Русия: паҳподҳои “Орлан-10” чӣ тавоноӣ доранд - видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия кори паҳподҳои “Орлан-10”-ро дар минтақаи амалиёти вижа нишон доданд. Видеоро тамошо кунед
Вақте, ки паҳподҳо заминро назорат мекунанд, ҳадафҳоро пайдо ва хисороти сӯхтору нобудшавии онҳоро сабт мекунанд.
Сабти видеоии кори паҳподи “Орлан-10”-ро Вазорати дифои Русия нашр кард. Наворҳо нишон медиҳанд, вазифаҳое, ки паҳподҳо иҷро мекунанд, танҳо бо назорату иктишоф маҳдуд нестанд.
Шӯрои Федератсия пайвастшавии 4 субъекти навро ба Русия тасвиб кард
Паҳподҳо ҳангоми иҷрои вазифаи ҷангӣ иктишоф ва ҷустуҷӯи ҳадафҳоро анҷом дода, ҳадафро барои зарба бонавъҳои гуногуни аслиҳа муайян мекунад. Илова бар ин, паҳподҳо хисороти оташсӯзии тӯпхонаи Русияро ба навор мегиранд.
"Паҳподҳо шабу рӯз назорати ҳавоӣ анҷом медиҳанд, то душманро ошкор кунанд, ба нерӯҳои дӯст маълумот медиҳагд ва бо истихборот ёрӣ мерасонанд - онҳо ҳадафро муайян мекунанд", - гуфт намояндаи экипажи ҷангӣ.
Шойгу аз теъдоди сафарбаршудаҳо ба артиш ва фиристоданашон ба амалиёт гуфт
Вазорати дифои Русия афзуд, ки паҳподҳо вазифаҳои худро дар шароити дахолати электронӣ бомуваффақият анҷом медиҳанд. Ҳавопаймоҳо пайваста наворбардорӣ мекунанд ва ба марказҳои фармондеҳӣ маълумотро дар бораи мавқеъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ки дар маҳаллаҳои истиқоматӣ ва иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ пинҳон карда шудаанд, пешниҳод мекунад.
“Мо аз як майдон маълумот гирифтем, ки нерӯҳои украинӣ берун шуданд, паҳподро фиристодем ва дидем, ки душман ҳаракат дорад ва зуд техникаи сабук зиреҳпӯш бо тӯпхонаи ба кори худ шурӯъ карданд ва дар натиҷа нерӯҳои украинӣ ақибнишинӣ карданд”, — гуфт сарбоз.
Лентаи хабарҳо
0