https://sputnik.tj/20221004/jazo-futbol-purqurboni-indoneziya-1051864791.html
Ҷазои 2 нафар барои футболи пурқурбонӣ дар Индонезия
Ҷазои 2 нафар барои футболи пурқурбонӣ дар Индонезия
Sputnik Тоҷикистон
Ду мақомдори тими индонезӣ, ки бетартибиҳои мухлисонаш баъди бозӣ боиси марги теъдоди зиёди одамон гардид, мавриди муҷозот қарор гирифтанд
2022-10-04T17:20+0500
2022-10-04T17:20+0500
2022-10-04T17:20+0500
футбол
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
индонезия
муҷозот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101852/55/1018525584_0:0:2001:1125_1920x0_80_0_0_9d8f81d992672e99756014390d511df5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ассотсиатсияи футболи Индонезия ду намояндаи бошгоҳи "Арема"-ро дар робита ба фоҷеа дар варзишгоҳи Маланг, ки беш аз 170 кушта дар пай дошт, барои якумрӣ аз футбол маҳрум кард.Дар ин бора РИА "Новости" хабар дода, зикр намуд, ки фоҷиа пас аз бозии тими "Арема" ва "Персебайя" рух дод, ки бо ҳисоби 2:3 анҷомид. Раиси кумитаи интизомии Ассотсиатсияи футболи Индонезия, Эрвин Тобинг гуфтаст, дар пайи баррасии қазия роҳбари кумитаи тадорукоти "Арема" Абдул Ҳарис ва як масъули хадамоти амнияти он барои як умр аз ҳаққи шуғл дар риштаи футбол маҳрум гардиданд.Раисиҷумҳури Индонезия Ҷоко Видодо хостори таҳқиқи ҳамаҷонибаи ошӯбҳо дар бозии футболи лигаи аввали ин кишвар дар шаҳри Маланг шуда, гуфт, мо бояд итминон дошта бошем, ки иштибоҳҳое, ки боиси фоҷиа шуданд, такрор нахоҳанд шуд. Маврид ба зикр аст, ки издиҳому бетартибӣ дар варзишгоҳ шоми 1 октябр пас аз бозии лигаи якуми Индонезия байни дастаҳои "Арема" (Маланг) ва "Персебая" (Сурабая) ба амал омад. Дар ин сабқат тими "Арема" бори аввал дар 22 сол боз дар майдони худ мағлуб шуд.Дар анҷоми бозӣ мухлисон вориди майдон шуда, даст ба бетартибиҳо задаанд. Барои ором кардани вазъ пулис аз гази ашковар истифода кардааст, ки дар натиҷа дар яке аз баромадгоҳҳо издиҳом ба вуҷуд омада, боиси маргу ҷароҳати одамон гардидаст.
https://sputnik.tj/20221002/fojia-bozi-futbol-halokshuda-1051818007.html
индонезия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101852/55/1018525584_0:0:1585:1189_1920x0_80_0_0_d0cd692683671ed7cb1174cc5bde89ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нафар, футбол, даҳҳо
Ҷазои 2 нафар барои футболи пурқурбонӣ дар Индонезия
Ду мақомдори тими индонезӣ, ки бетартибиҳои мухлисонаш баъди бозӣ боиси марги теъдоди зиёди одамон гардид, мавриди муҷозот қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ассотсиатсияи футболи Индонезия ду намояндаи бошгоҳи "Арема"-ро дар робита ба фоҷеа дар варзишгоҳи Маланг, ки беш аз 170 кушта дар пай дошт, барои якумрӣ аз футбол маҳрум кард.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар дода, зикр намуд, ки фоҷиа пас аз бозии тими "Арема" ва "Персебайя" рух дод, ки бо ҳисоби 2:3 анҷомид.
Раиси кумитаи интизомии Ассотсиатсияи футболи Индонезия, Эрвин Тобинг гуфтаст, дар пайи баррасии қазия роҳбари кумитаи тадорукоти "Арема" Абдул Ҳарис ва як масъули хадамоти амнияти он барои як умр аз ҳаққи шуғл дар риштаи футбол маҳрум гардиданд.
Раисиҷумҳури Индонезия Ҷоко Видодо хостори таҳқиқи ҳамаҷонибаи ошӯбҳо дар бозии футболи лигаи аввали ин кишвар дар шаҳри Маланг шуда, гуфт, мо бояд итминон дошта бошем, ки иштибоҳҳое, ки боиси фоҷиа шуданд, такрор нахоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки издиҳому бетартибӣ дар варзишгоҳ шоми 1 октябр пас аз бозии лигаи якуми Индонезия байни дастаҳои "Арема" (Маланг) ва "Персебая" (Сурабая) ба амал омад. Дар ин сабқат тими "Арема" бори аввал дар 22 сол боз дар майдони худ мағлуб шуд.
Дар анҷоми бозӣ мухлисон вориди майдон шуда, даст ба бетартибиҳо задаанд. Барои ором кардани вазъ пулис аз гази ашковар истифода кардааст, ки дар натиҷа дар яке аз баромадгоҳҳо издиҳом ба вуҷуд омада, боиси маргу ҷароҳати одамон гардидаст.