Дар Истаравшан ба 10 наваскар шаҳодатномаҳои ронандагӣ супориданд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшанпроводы новобранцев в армию Истаравшан
проводы новобранцев в армию Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Обуна шудан
Дар майдони “Нишони давлатӣ”-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғд маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар майдони “Нишони давлатӣ”-и шаҳри Истаравшан ба 10 нафар наваскарони пешоҳанг, ки курси махсуси ронандагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи вилояти Суғдро бомуваффақият хатм намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супориданд, иттилоъ додааст маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.
Тибқи иттилои манбаъ, дар маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ мақомоти шаҳр, афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, собиқадорон, фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр иштирок намуданд.
Первые призывники  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Гусели 1400 ҷавон ба аскарӣ: 4 шаҳру ноҳияи Хатлон нақшаро иҷро кард
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода навдаъватшудагони ихтиёриро ба муносибати шомил шудан ба сафи артиши Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр кард, ки имрӯз шароити хизмати ҳарбӣ дар кишвар беҳтар гардидааст.
“Мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар шароити сулҳу субот ва оромии мамлакат ҷавонон бо пайравӣ ба падарону бобоёни шӯҳратёри худ, бо амри дил ва ҳисси ватандӯстона ихтиёран барои ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардидан омода мебошанд”, - гуфт раиси шаҳри Истаравшан
Инчнин вай таъкид кард, ки наваскароне, ки имрӯз бо хоҳиши худ ба хидмати аскарӣ мераванд, дар адои ин рисолати пуршараф ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар ҳифзи Ватан комёбиҳо орзумандам.
Лентаи хабарҳо
0