Паёми Аҳмадзода: тоҷикиро бояд ба пояи забони илми муосир рушд диҳем

© Пресс-служба президента Таджикистана Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
 Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд сокинонро бо Рӯзи забони давлатӣ, ки аз соли 2009 ба ин сӯ ҳамасола дар Тоҷикистон 5 октябр таҷлил мешавад, шодбош гуфт
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Мақоми забони давлатиро бояд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баланд бардорем, изҳор дошт раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода.
Ӯ дар паёми шодбошияш ба муносибати рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мешавад, зикр кард, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.
Аҳмадзода хотиррасон намудаст, ки забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. Дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод ва забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд, омадааст дар паём.
Парламент Республики Таджикистан на ежегодном обращении Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Талаботи асосӣ аз вазиру вакили оянда: Раҳмон гуфт, киҳо вазифа хоҳанд гирифт
Аҳмадзода масъалаи ба пояи забони илми муосир расонидани забони тоҷикиро муҳим хондаст.

"Аз ин рў, ҳар яки моро зарур аст, барои ҳамқадами замон шудани забони давлатӣ ва бар пояи забони илм рушд кардани он кӯшиш ба харҷ диҳем", - афзудаст ӯ.

Зикр гардидаст, ки бо ин забон осори қофиласолори назм Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоирон Абулқосим Фирдавсӣ, Мавлоно Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ офарида шудаанд, ки бояд ифтихори ҳар як соҳибзабон бошад.
Вай изҳори итминон кард, ки Рӯзи забони давлатӣ барои шинохти асолати миллӣ, баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба ин рукни асосии давлатдории миллӣ нақши бориз хоҳад гузошт.
Лентаи хабарҳо
0