https://sputnik.tj/20221003/tolibon-tahrimho-fosilai-jomeai-jahoni-1051841213.html
Толибон: таҳримҳо фосилаи мо ва ҷомеаи ҷаҳониро зиёдтар мекунад
Толибон: таҳримҳо фосилаи мо ва ҷомеаи ҷаҳониро зиёдтар мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сухангӯии ҳукумати толибон мегӯяд, идомаи таҳримҳои ҷаҳонӣ ба ҳукумати ҷадид фосила миёни ҳукумати толибону ҷомеъаи ҷаҳониро бештар хоҳад кард
2022-10-03T17:00+0500
2022-10-03T17:00+0500
2022-10-03T17:16+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
ҳамкорӣ
ҷомеаи ҷаҳонӣ
таҳримҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013485_0:0:2731:1537_1920x0_80_0_0_ea51df9ab835dd91c702b53f7d2e30b4.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран ҳукумати толибон бори дигар аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостааст барои рафъи таҳримҳо алайҳи ҳукумати толибон гом бурдоранд.Билол Каримӣ муовини сухангӯии толибони мегӯяд, бо идомаи ин таҳримҳо фосила миёни ҷомеъаи ҷаҳони ва Афғонистон беш аз пеш густариш меёбад.Беш аз як моҳ мешавад ки муъофияти сафари сездаҳ мақоми аршади толибон ба поёни расида вале ин мақомҳо ҳамчунон наметавонанд ба берун аз Афғонистон сафар кунанд.Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамвора мавзуи бартараф кардани таҳримҳо бар ҳукумати толибонро бар эҷоди ҳукумати фарогир, таъмини ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занону духтарон, рафъи таҳдидҳои террористӣ аз хоки Афғонистони машрут сохта аст ва таъкид карда, ки то замони таҳаққуқ наёфтани ин шароит давлати ҷадиди Афғонистонро ба расмият нахоҳанд шинохт.Ҳукумати толибон аммо борҳо таъкид карда, ки тамомӣ шароити як давлати машрӯъро фароҳам кардааст.Ҳарчанд шӯрои амнияти созмони милали дубор дар мавриди тамдид ва ё радди муъофияти сафари мақомҳои толибон нишаст баргузор кард, аммо ба далели ихтилофи назарҳо миёни аъзои ин шӯро ҳар ду нишаст бе натиҷа поён ёфт.Адами таҳаққуқи матлуби ваъдаҳои ҳукумати толибон мабни бар таъмини амният дар Афғонистон, ташкили давлати фарогир ва низ идомаи маҳрумияти духтарони аз рафтан ба мадриса, аз ҷумла масоиле аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар он ба унвони монеъи аслӣ дар масир ба расмияти шинохта шудани толибон таъкид дорад.
https://sputnik.tj/20221003/peshnihodi-hikmatiyor-tashkili-davlati-intiqol-afghoniston-1051832375.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013485_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0fa45a37c20318c8b5546914411010a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳримҳо, фосила, ҳукумат, сухангӯ
афғонистон, толибон, ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳримҳо, фосила, ҳукумат, сухангӯ
Толибон: таҳримҳо фосилаи мо ва ҷомеаи ҷаҳониро зиёдтар мекунад
17:00 03.10.2022 (Навсозишуда: 17:16 03.10.2022) Муовини сухангӯии ҳукумати толибон мегӯяд, идомаи таҳримҳои ҷаҳонӣ ба ҳукумати ҷадид фосила миёни ҳукумати толибону ҷомеъаи ҷаҳониро бештар хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран ҳукумати толибон бори дигар аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостааст барои рафъи таҳримҳо алайҳи ҳукумати толибон гом бурдоранд.
Билол Каримӣ муовини сухангӯии толибони мегӯяд, бо идомаи ин таҳримҳо фосила миёни ҷомеъаи ҷаҳони ва Афғонистон беш аз пеш густариш меёбад.
Беш аз як моҳ мешавад ки муъофияти сафари сездаҳ мақоми аршади толибон ба поёни расида вале ин мақомҳо ҳамчунон наметавонанд ба берун аз Афғонистон сафар кунанд.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамвора мавзуи бартараф кардани таҳримҳо бар ҳукумати толибонро бар эҷоди ҳукумати фарогир, таъмини ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занону духтарон, рафъи таҳдидҳои террористӣ аз хоки Афғонистони машрут сохта аст ва таъкид карда, ки то замони таҳаққуқ наёфтани ин шароит давлати ҷадиди Афғонистонро ба расмият нахоҳанд шинохт.
Ҳукумати толибон аммо борҳо таъкид карда, ки тамомӣ шароити як давлати машрӯъро фароҳам кардааст.
Ҳарчанд шӯрои амнияти созмони милали дубор дар мавриди тамдид ва ё радди муъофияти сафари мақомҳои толибон нишаст баргузор кард, аммо ба далели ихтилофи назарҳо миёни аъзои ин шӯро ҳар ду нишаст бе натиҷа поён ёфт.
Адами таҳаққуқи матлуби ваъдаҳои ҳукумати толибон мабни бар таъмини амният дар Афғонистон, ташкили давлати фарогир ва низ идомаи маҳрумияти духтарони аз рафтан ба мадриса, аз ҷумла масоиле аст, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар он ба унвони монеъи аслӣ дар масир ба расмияти шинохта шудани толибон таъкид дорад.