Сафари расмии шоҳзодаи саудӣ дар Душанбе

© МИД Республики ТаджикистанВстреча министров иностранных дел Таджикистана и Саудовской Аравии
Встреча министров иностранных дел Таджикистана и Саудовской Аравии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Обуна шудан
Душанбею Риёз ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои мухталиф, аз қабили сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ ояндадор арзёбӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар доираи ин сафар шоҳзода бо вазири умури хориҷии ҶТ, Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард.
"Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудиро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Дархости Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ барои террористӣ эълон кардани бархе созмонҳо
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ азм доранд, ҳамкориро дар бахшҳои гуногун тақвият диҳанд. Аз ҷумла ахиран соҳибкрон аз ин кишвар аз Тоҷикистон боздид карда, роҳҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Инчунин қаблан додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон аз Арабистони Саудӣ боздид карда, мубориза дар бахши амниятро баррасӣ кард.
Аз ҷумла Юсуф Раҳмон бо Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб, прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ, ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро баррасӣ кард, ёддошти тафоҳумро имзо намуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0