Боздиди Раҳмон аз шаҳри Турсунзода: шиносоӣ бо кори омӯзгорону кишоварзон

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода мактаби навбунёдро ифтитоҳ карда, ҳамчунин аз хоҷагии деҳқоние боздид намуд, ки шолӣ парвариш мекунад
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз ифтитоҳи бинои Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” оғоз гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, мактаби мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳрор Солиев бунёд гардидааст.
"Бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидаст, ки таҳсил дар муассисаи навбунёд бо забони тоҷикӣ ва русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Муаллимони муҳоҷир ба мактаб баргаштаанд
Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон аз хоҷагии деҳқонии “Ислом” боздид карда, бо ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшид.
"Хоҷагии деҳқонии “Ислом” дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 0,6 гектар ғалла корида, 2,5 тонна ҳосил ба даст оварданд.
Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 0,60 гектар шолӣ беш аз 4 тонна биринҷи аълосифати навъи "лазер" рӯёнида буданд. Имсол бошад, аз хӯшаҳои серҳосилу пурбори шолӣ умед доранд, ки ҳосили баланди биринҷ ба даст оваранд.
Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва ба ин восита истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хоҷагидорон ва масъулони соҳа маслиҳату тавсияҳо дод.
Лентаи хабарҳо
0