https://sputnik.tj/20221003/jahish-qurb-pul-rusi-tojikiston-1051825743.html
Ҷаҳиши қурби пули русӣ дар Тоҷикистон: Арзномаи БМТ
Ҷаҳиши қурби пули русӣ дар Тоҷикистон: Арзномаи БМТ
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори асъори Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ дар сатҳи пешина боқӣ монда, арзиши рубли Русия ба таври назаррасӣ боло рафтааст
2022-10-03T11:00+0500
2022-10-03T11:00+0500
2022-10-07T11:34+0500
дар тоҷикистон
қурб
доллар
евро
рубл
ҷаҳиш
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Қарби 1 ҳазор рубли Русия дар бозори асъори Тоҷикистон дар оғози ҳафтаи ҷадид 168,9 сомониро ташкил дод, хабар дод Бонки миллии ҷумҳурӣ. Ин нишондод охири ҳафтаи гузашта 167,8 сомониро ташкил медод. Манбаъ афзуд, ки арзиши доллари амрикоӣ дар сатҳи нишондоди охири ҳафтаи гузашта нигоҳ дошта шуда, 10.22 сомониро ташкил медиҳад. Қурби евро каме боло рафта, дар сатҳи 9.9921 сомонӣ қарор дорад. Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ зикр гардидаст, ки 1 доллари ИМА аз 10.2200 то 9.8500 сомонӣ, 1 евро аз 9.9921 то 9.70 сомонӣ, 1 ҳазор рубли русӣ аз 168,9 то 190 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид гардидаст, ки ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.Ин болоравӣ дар ҳолест, ки ахиран дар биржаи Маскав низ қурби рубли русӣ майл ба устуворӣ ниҳод. Дар моҳи октябр қурби доллар метавонад аз 50 то 70 рублро ташкил диҳад. Дар ин бора коршиноси бозори саҳомии "БКС Мир инвестиций", Дмитрий Бабин хабар дод. Аммо итминон вуҷуд надорад, ки қурб ҳадди ақал чанд соат дар сатҳи расида боқӣ мемонад, афзуд ӯ.
https://sputnik.tj/20221003/qurb-rubl-dollar-oktyabr-1051824859.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, қурб, доллар, евро, тоҷикистон
эълон, қурб, доллар, евро, тоҷикистон
Ҷаҳиши қурби пули русӣ дар Тоҷикистон: Арзномаи БМТ
11:00 03.10.2022 (Навсозишуда: 11:34 07.10.2022) Дар бозори асъори Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ дар сатҳи пешина боқӣ монда, арзиши рубли Русия ба таври назаррас боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Қарби 1 ҳазор рубли Русия дар бозори асъори Тоҷикистон дар оғози ҳафтаи ҷадид 168,9 сомониро ташкил дод, хабар дод Бонки миллии ҷумҳурӣ. Ин нишондод охири ҳафтаи гузашта 167,8 сомониро ташкил медод.
Манбаъ афзуд, ки арзиши доллари амрикоӣ дар сатҳи нишондоди охири ҳафтаи гузашта нигоҳ дошта шуда, 10.22 сомониро ташкил медиҳад. Қурби евро каме боло рафта, дар сатҳи 9.9921 сомонӣ қарор дорад.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ зикр гардидаст, ки 1 доллари ИМА аз 10.2200 то 9.8500 сомонӣ, 1 евро аз 9.9921 то 9.70 сомонӣ, 1 ҳазор рубли русӣ аз 168,9 то 190 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид гардидаст, ки ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Ин болоравӣ дар ҳолест, ки ахиран дар биржаи Маскав низ қурби рубли русӣ майл ба устуворӣ ниҳод.
Дар моҳи октябр қурби доллар метавонад аз 50 то 70 рублро ташкил диҳад. Дар ин бора коршиноси бозори саҳомии "БКС Мир инвестиций", Дмитрий Бабин хабар дод. Аммо итминон вуҷуд надорад, ки қурб ҳадди ақал чанд соат дар сатҳи расида боқӣ мемонад, афзуд ӯ.