https://sputnik.tj/20221003/hamoish-etirozi-zanon-afghoniston-1051832215.html
Ҳамоиши эътирозии занони Афғонистон ба Балх расид
Ҳамоиши эътирозии занони Афғонистон ба Балх расид
Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳҳои занони фаъол дар шаҳру музофотҳои мухталифи Афғонистон бо баргузории ҳамоишҳо аз ҳукуматдорҳои ҷадид риояи ҳуқуқҳояшонро талаб доранд
2022-10-03T14:55+0500
2022-10-03T14:55+0500
2022-10-03T14:55+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
занон
ҳамоиш
ҳамоиш
эътирозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/01/1051811113_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_35c88a7ad94bf6366eba245bac5b6cfe.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ҳамоишҳои эътирозии занон алайҳи ҳукумати толибҳо таҳти шиорҳои “Амният, адолат, таҳсил, озодӣ ва қатъи наслкушӣ” бисёре аз шаҳрҳои Афғонистонро фаро гирифтаанд. Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дода, афзуд, ки ҳамоишҳои эътирозӣ то ба музофоти Балх расидаанд. Таъкид шудааст, ки донишҷӯдухтарон дар Мазори Шариф иддао доранд, ки толибҳо дониста тасмим гирифтанд, ки онҳоро дар хобгоҳашон маҳкам кунанд, то ба даст ба эътироз назананд, аммо онҳо қуфлро шикастанд. Дар Бомиён эътирози шадид бо ширкати мардум бо даъвати қатъи қатли ҳазораҳо афзоиш ёфтааст. Толибон дар пароканда кардани гирдиҳамоиҳо интихоби аҷибе нишон медиҳанд: дар Кобул яке аз ин дуро саркӯб карданд, дар Ҳирот вокуниш нишон доданд, аммо дар Бомиён не, дар Мазори Шариф шуморе аз ширкаткунандагон боздошт шуданд.Ин дар ҳолест, ки Афғонистон аз нигоҳи баробарии гендерӣ ақибмондатарин кишвари ҷаҳон арзёбӣ мешавад. Таъкид шудаст, ки бо расидани толибҳо ба сари қудрат аз нимаи моҳи августи соли гузашта вазъи занон дар кишвар бадтар гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадид дар Афғонистон талаб дорад, ки ҳуқуқҳои занонро таъмин намоянду дастрасияшонро ба таҳсилу кор фароҳам созанд.
https://sputnik.tj/20220929/kumaki-tojikiston-hazor-shakhsoni-ehtiyojmand-afghoniston-1051770335.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/01/1051811113_172:0:2901:2047_1920x0_80_0_0_9c24cb6c6beee2c426091b7c1335a427.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эътироз, занон, балх, афғонистон
эътироз, занон, балх, афғонистон
Ҳамоиши эътирозии занони Афғонистон ба Балх расид
Гуруҳҳои занони фаъол дар шаҳру музофотҳои мухталифи Афғонистон бо баргузории ҳамоишҳо аз ҳукуматдорҳои ҷадид риояи ҳуқуқҳояшонро талаб доранд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ҳамоишҳои эътирозии занон алайҳи ҳукумати толибҳо таҳти шиорҳои “Амният, адолат, таҳсил, озодӣ ва қатъи наслкушӣ” бисёре аз шаҳрҳои Афғонистонро фаро гирифтаанд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дода, афзуд, ки ҳамоишҳои эътирозӣ то ба музофоти Балх расидаанд.
Таъкид шудааст, ки донишҷӯдухтарон дар Мазори Шариф иддао доранд, ки толибҳо дониста тасмим гирифтанд, ки онҳоро дар хобгоҳашон маҳкам кунанд, то ба даст ба эътироз назананд, аммо онҳо қуфлро шикастанд.
Дар Бомиён эътирози шадид бо ширкати мардум бо даъвати қатъи қатли ҳазораҳо афзоиш ёфтааст.
Толибон дар пароканда кардани гирдиҳамоиҳо интихоби аҷибе нишон медиҳанд: дар Кобул яке аз ин дуро саркӯб карданд, дар Ҳирот вокуниш нишон доданд, аммо дар Бомиён не, дар Мазори Шариф шуморе аз ширкаткунандагон боздошт шуданд.
Ин дар ҳолест, ки Афғонистон аз нигоҳи баробарии гендерӣ ақибмондатарин кишвари ҷаҳон арзёбӣ мешавад. Таъкид шудаст, ки бо расидани толибҳо ба сари қудрат аз нимаи моҳи августи соли гузашта вазъи занон дар кишвар бадтар гардидааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадид дар Афғонистон талаб дорад, ки ҳуқуқҳои занонро таъмин намоянду дастрасияшонро ба таҳсилу кор фароҳам созанд.