Бе борон: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе
Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон мавсими гармо идома дошта, ҳарорат дар ВМКБ то 24 дараҷа, дар Суғд то 26 дараҷа, Хатлон то 31 ва Душанбе то 28 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар дод Ожонси обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-5 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Хатлонро низ ҳавои тағйирёбанда ва асосан бебориш фаро гирифта, чангу ғубор боқӣ мемонад, мегӯянд ҳавошиносон. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм дар назар мебошад.
Таъкид шудаст, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон дар назар нест. Ҳарорати ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0