https://sputnik.tj/20221001/rusiya-talabot-donanda-zabon-tojiki-1051805906.html
Дар Русия талабот ба мутахассисони донандаи забони тоҷикӣ меафзояд
Дар Русия талабот ба мутахассисони донандаи забони тоҷикӣ меафзояд
Sputnik Тоҷикистон
Корфармоён ба қабули дархостҳо барои ҷустуҷӯи кормандон барои ҷойҳои холӣ бо донистани забонҳои кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла тоҷикӣ шурӯъ карданд
2022-10-01T13:00+0500
2022-10-01T13:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
мутахассисон
забони тоҷикӣ
забон
кор
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051803370_0:27:1300:758_1920x0_80_0_0_9c5faf50d0f0fb333225e68a4cf34238.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Корфармоён дар Русия бештар ба ҷустуҷӯи мутахассисоне шурӯъ карданд, ки ба тоҷикӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва туркӣ ҳарф мезананд. Дар ин бора маълумоти маркази тадқиқотии Zarplaty.ru шаҳодат медиҳад, хабар медиҳад РИА Новости. Тадқиқот, ки дар ҷараёни он 2,1 ҳазор сокини коргари Федератсияи Русия пурсиш шудааст, нишон дод, ки чоряки пурсидашудагон ният доранд, ки дар соли оянда омӯзиши забони хориҷиро идома диҳанд ё ба омӯзиши забони нав шурӯъ кунанд. Дар ҷои аввал, чун ҳамеша, забони англисӣ аст, 67% пурсидашудагон ният доранд, ки онро омӯзанд. Дар ҷои дуюм чинӣ аст, 14% пурсидашудагон онро барои омӯзиш интихоб кардаанд. Франсавӣ, олмонӣ, испанӣ, итолиёвӣ ва ибрӣ рӯйхатро пӯшидаанд - камтар аз 5% пурсидашудагон ният доранд, ки онҳоро омӯзанд. "Дар байни пурсидашудагон муаян шуд, ки онҳо забони нави хориҷиро бо кадом ҳадаф меомӯзанд: кор - 40%, рушди худшиносӣ ва васеъ кардани ҷаҳонбинӣ - 30%, сафар - 17%, муошират бо хориҷиён - 7 %, имкони мутолиаи захираҳои интернетии хориҷӣ – 3%, муҳоҷират ба хориҷа – 3%”, - қайд карданд таҳлилгарон. Мушаххас шудааст, ки асосан мутахассисони соҳаҳои фурӯш, ҳуқуқ, IT, маориф, бонкдорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, сохтмон ва саноат дар кори худ аз забони хориҷӣ истифода мебаранд.
https://sputnik.tj/20220801/khatonavis-tojikiston-barnoma-komputeri-faol-1050413134.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051803370_144:0:1300:867_1920x0_80_0_0_3bff399ab909ee3cd9fca83e6e6351ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия мутахассисон донанда забон тоҷикӣ афзоиш
русия мутахассисон донанда забон тоҷикӣ афзоиш
Дар Русия талабот ба мутахассисони донандаи забони тоҷикӣ меафзояд
13:00 01.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Корфармоён ба қабули дархостҳо барои ҷустуҷӯи кормандон барои ҷойҳои холӣ бо донистани забонҳои кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла тоҷикӣ шурӯъ карданд
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Корфармоён дар Русия бештар ба ҷустуҷӯи мутахассисоне шурӯъ карданд, ки ба тоҷикӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва туркӣ ҳарф мезананд.
Дар ин бора маълумоти маркази тадқиқотии Zarplaty.ru шаҳодат медиҳад, хабар медиҳад РИА Новости.
"Теъдоди ҷойҳои холӣ барои мутахассисоне, ки тоҷикӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва туркӣ ҳарф мезананд, чанд баробар афзоиш ёфтааст. Аз талаботи қаблан маъмул шумораи ҷойҳои холӣ бо донистани забони олмонӣ то ҳадди ақал ва фаронсавию англисӣ то ҳадди аксар коҳиш ёфтааст", - муайян карданд коршиносон.
Тадқиқот, ки дар ҷараёни он 2,1 ҳазор сокини коргари Федератсияи Русия пурсиш шудааст, нишон дод, ки чоряки пурсидашудагон ният доранд, ки дар соли оянда омӯзиши забони хориҷиро идома диҳанд ё ба омӯзиши забони нав шурӯъ кунанд.
Дар ҷои аввал, чун ҳамеша, забони англисӣ аст, 67% пурсидашудагон ният доранд, ки онро омӯзанд. Дар ҷои дуюм чинӣ аст, 14% пурсидашудагон онро барои омӯзиш интихоб кардаанд. Франсавӣ, олмонӣ, испанӣ, итолиёвӣ ва ибрӣ рӯйхатро пӯшидаанд - камтар аз 5% пурсидашудагон ният доранд, ки онҳоро омӯзанд.
"Дар байни пурсидашудагон муаян шуд, ки онҳо забони нави хориҷиро бо кадом ҳадаф меомӯзанд: кор - 40%, рушди худшиносӣ ва васеъ кардани ҷаҳонбинӣ - 30%, сафар - 17%, муошират бо хориҷиён - 7 %, имкони мутолиаи захираҳои интернетии хориҷӣ – 3%, муҳоҷират ба хориҷа – 3%”, - қайд карданд таҳлилгарон.
Мушаххас шудааст, ки асосан мутахассисони соҳаҳои фурӯш, ҳуқуқ, IT, маориф, бонкдорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, сохтмон ва саноат дар кори худ аз забони хориҷӣ истифода мебаранд.