Идомаи гармо дар Тоҷикистон: Ҳарорат то 35 дараҷа мерасад

© Sputnik Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе
Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон мавсими гармӣ идома дошта, ҳарорат дар ВМКБ то 28 дараҷа, Суғд - 29 дараҷа, Хатлон - 35 дараҷа ва Душанбе то 32 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, борон дар назар нест, иттилоъ дод Агентии обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳам боришот дар назар набуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Ин нишондод дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, шамол аз шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар Хатлон ҳам боришот дар назар набуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мегардад. Ҳарорати ҳаво дар доманакӯҳҳо салқинтар аз 10+15 дараҷа гарм дар шабҳо ва 22+27 дараҷа гарм рӯзона пешгӯӣ мегардад.
Боришот шаҳру навоҳии тобеи марказро низ фаро нахоҳад гирифт, ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳама ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат шабона 12+14 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0