Азсаргирии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон дар бахши футбол баъди танаффус

© Sputnik / Стас ЭтвешБоковой судья, архивное фото
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Обуна шудан
Дар давоми се рӯзи оянда бозиҳои даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои лигаи олии кишвар баргузор хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон баъди танаффуси дуҳафтаина ба сабқат барои унвони қаҳрамони кишвар дар соли 2022 идома хоҳанд дод, хабар дод телевизиони "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, танаффуси дуҳафтаина дар чемпионати ҷумҳурӣ ба далели иштироки тими мунтахаб дар мусобиқаи байналмилалии "King's Cup 2022" гирифта шуда буд. Ин мусобиқа дар шаҳри Чиангмайи кишвари Таиланд доир гардида, мунтахаби Тоҷикистон аз он ҷо пирӯз баргашт.
Дар шарҳи ҷадвали бозиҳои даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи Олӣ тавзеҳ дода шудаст, ки баъди зуҳри 30 сентябр дар варзишгоҳи "Спартак"-и Хуҷанд тими "Эсхата" бо "Хатлон" бозӣ мекунад.
Сборная Таджикистана по мини-футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Шикасти футзалбозони тоҷик аз ҳамтоёни ӯзбекашон дар Ҷоми Осиё-2022
Рӯзи 1 октябр дастаҳои "Хуҷанд"-у "Файзканд" варзишгоҳи "20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и маркази маъмурии вилояти Суғд вориди сабқат мешаванд.
Ҳамчунин дар ин рӯз "Равшан" -и Кӯлоб "Регар-ТадАЗ" дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозӣ хоҳанд дошт.
Рӯзи 2 октябр бозии "Истаравшан" - "Истиқлол" вар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ва КМВА - "Равшан" -и Зафаробод дар Варзишгоҳи вазорати мудофиаи ҶТ сабқат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0