Ҳушдори Патрушев аз эҳтимоли интиқоли силоҳ аз Украина ба ИДМ

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Обуна шудан
Мубориза бо вуруди силоҳи қочоқии ғарбӣ аз Украина ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкории зичи мақомоти махсусро тақозо мекунад
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар пайи аъмоли ИМА ва муттаҳидонаш феълан Украина ба бузургтарин "бозори сиёҳ"-и аслиҳа табдил ёфтааст.
Ин нуктаро дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев дар ҷаласаи солонаи роҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки масъалаи мубориза бо хатарҳои паҳншавии силоҳ аз Украина ба манотиқи дигар талошҳои муштараки хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ-ро тақозо мекунад.
Ӯ тавзеҳ дод, ки тавассути миёнаравҳои ҷиноӣ аслиҳа аз Украина ба Аврупо баргардонида мешавад, ки аз он ҷо ба Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳо, аз ҷумла кишварҳои ИДМ паҳн мегардад.
Встречи С. Лаврова на полях 77-й сессии Генассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
"Тақсим куну ҳукм рон": Лавров ба Ятимов ва амниятиҳои дигар аз ҳадафи Ғарб гуфт
"Эҳтимоли ба дасти сохторҳои ифротӣ ва террористӣ афтодани аслиҳае, ки аз ҷониби Ғарб ба Киев интиқол дода мешавад, якбора афзоиш ёфтааст, ки ин талошҳои муштаракро барои боз кардан ва қатъ кардани каналҳои паҳнкунии онҳо аз қаламрави Украина тақозо мекунад", - гуфт Патрушев.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина интиқоли силоҳи ғарбӣ ба ин кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфт. Маскав аз паёмади манфии ин таъминот ҳушдор дода, таъкид намуда буд, ки интиқоли силоҳ метавонад муҳлати амалиётро дароз кунад, аммо ба бароварда кардани аҳдофи он таъсире надорад.
Лентаи хабарҳо
0