https://sputnik.tj/20220930/dushanbe-muhojirati-zanon-javonon-barrasi-1051788656.html
Дар Душанбе масъалаҳои муҳоҷирати занон ва ҷавонон баррасӣ шуд
Дар Душанбе масъалаҳои муҳоҷирати занон ва ҷавонон баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон масъалаи бокортаъминкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва тадбирҳо барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо баррасӣ гардид
2022-09-30T19:00+0500
2022-09-30T19:00+0500
2022-09-30T19:00+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
вазорати меҳнат
занон
ҷавонон
манфиат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051788404_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_7cbaf44d00d4fd0a3656947b321756be.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират доир гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масоили муҳоҷирати занон ва ҷавонон, бокортаъминкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар хориҷи кишвар авриди баррасӣ қарор гирифтанд.Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сурат гирифт.Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаи омори баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз он ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 мавриди муҳокима қарор дода шуд.Дар ин ҷаласа дар бораи тақвияти танзими равандҳои муҳоҷират санади дахлдор қабул гардид.
https://sputnik.tj/20220929/rusiya-nazorati-muhojirat-purzur-meshavad-1051770854.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051788404_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_896040188c14352914efd29c14ff38d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, вазоарти меҳнат, занон, ҷавонон, манфиат, баррасӣ
тоҷикистон, муҳоҷират, вазоарти меҳнат, занон, ҷавонон, манфиат, баррасӣ
Дар Душанбе масъалаҳои муҳоҷирати занон ва ҷавонон баррасӣ шуд
Дар пойтахти Тоҷикистон масъалаи бокортаъминкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва тадбирҳо барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират доир гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масоили муҳоҷирати занон ва ҷавонон, бокортаъминкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар хориҷи кишвар авриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сурат гирифт.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаи омори баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз он ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ин ҷаласа дар бораи тақвияти танзими равандҳои муҳоҷират санади дахлдор қабул гардид.