https://sputnik.tj/20220929/viloyati-sughd-naqshai-istehsoli-pakhtaro-ijro-1051749404.html
Вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 35,4 фоиз иҷро кард
Вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 35,4 фоиз иҷро кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд мегӯяд ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони барои ғундоштани ҳосили аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода менамоянд
2022-09-29T09:00+0500
2022-09-29T09:00+0500
2022-09-29T09:00+0500
дар тоҷикистон
суғд
пахта
пахтачинӣ
мавсими пахтачинӣ
нақша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0e/1047632690_0:31:2619:1504_1920x0_80_0_0_e223ac57cb4c64d4c43a4ba80bec4b63.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба санаи 28 сентябри соли равон нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 35,4 фоиз иҷро гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Тибқи иттилои манбаъ, пахтакорони вилоят то имрӯз 47307,9 тонна "тиллои сафед" - ро ҷамъоварӣ карда, ба хирман супоридаанд.“Кишоварзони ноҳияи Спитамен то 28 сентябр нақшаро 54,7 фоиз, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 55,2 фоиз, ноҳияи Ҷаббор Расулов 48,7 фоиз, шаҳри Конибодом 38,8 фоиз, ноҳияи Мастчоҳ 31,3 фоиз, ноҳияи Зафаробод 21,1 фоиз, ноҳияи Ашт 19,2 фоиз иҷро намудаанд”, - хаббар додааси дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Манбаъ қайд кардааст, ки ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят идома дорад.Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳолати нимаи сентябр дар Тоҷикистон зиёда аз 73 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ шудааст.Зикр шудаст, ки соли равон дар ҷумҳурӣ бояд дар 186 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешуд, аммо тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ танҳо дар 181,5 ҳазор гектар чигит кишт шудаст.Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи нақша, имсол кишоварзон 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.Оғози ҷамъоварии пахта дар ҳолест, ки аксаран ғундоштани пахта дар ҷумҳурӣ дастӣ сурат мегирад, чун техника на ҳамеша дар бахши кишоварзии кишвар дастрас аст.Бар асоси омори расмӣ, соли равон дар кишвар 36 мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, аз он 27 адад барои ҷамъоварии пахта пурра омодаанд. Аз ин шумора 24 адад ба вилояти Суғд ва 11 адад ба вилояти Хатлон рост меояд.
https://sputnik.tj/20220918/besh-ton-pakhta-jam-1051492895.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0e/1047632690_0:0:2619:1965_1920x0_80_0_0_6a7d409a2289040434f5dadfa0facd01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пахта, пахтачинӣ, истеҳсол, суғд, нақша, ғундоштан
тоҷикистон, пахта, пахтачинӣ, истеҳсол, суғд, нақша, ғундоштан
Вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро 35,4 фоиз иҷро кард
Мақомоти Суғд мегӯяд ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони барои ғундоштани ҳосили аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода менамоянд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба санаи 28 сентябри соли равон нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 35,4 фоиз иҷро гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, пахтакорони вилоят то имрӯз 47307,9 тонна "тиллои сафед" - ро ҷамъоварӣ карда, ба хирман супоридаанд.
“Кишоварзони ноҳияи Спитамен то 28 сентябр нақшаро 54,7 фоиз, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 55,2 фоиз, ноҳияи Ҷаббор Расулов 48,7 фоиз, шаҳри Конибодом 38,8 фоиз, ноҳияи Мастчоҳ 31,3 фоиз, ноҳияи Зафаробод 21,1 фоиз, ноҳияи Ашт 19,2 фоиз иҷро намудаанд”, - хаббар додааси дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳолати нимаи сентябр дар Тоҷикистон зиёда аз 73 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Зикр шудаст, ки соли равон дар ҷумҳурӣ бояд дар 186 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешуд, аммо тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ танҳо дар 181,5 ҳазор гектар чигит кишт шудаст.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи нақша, имсол кишоварзон 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.
Оғози ҷамъоварии пахта дар ҳолест, ки аксаран ғундоштани пахта дар ҷумҳурӣ дастӣ сурат мегирад, чун техника на ҳамеша дар бахши кишоварзии кишвар дастрас аст.
Бар асоси омори расмӣ, соли равон дар кишвар 36 мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, аз он 27 адад барои ҷамъоварии пахта пурра омодаанд. Аз ин шумора 24 адад ба вилояти Суғд ва 11 адад ба вилояти Хатлон рост меояд.