https://sputnik.tj/20220929/tamrinho-spad-vohid-nav-amal-1051751358.html
Дар тамринҳои СПАД бори нахуст як воҳиди нав вориди амал мешавад
Дар тамринҳои СПАД бори нахуст як воҳиди нав вориди амал мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Барои ширкат дар машқҳои низомии нерӯҳои СПАД беш аз 6,5 ҳазор нафар, аз ҷумла 200 нафар низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ҳозир шуданд
2022-09-29T10:07+0500
2022-09-29T10:07+0500
2022-09-29T10:07+0500
саад
амният ва мудофиа
тамринот
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/07/1046614454_0:0:3079:1733_1920x0_80_0_0_553ff74c394110635219302fc257f322.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар машқҳои ҳарбии қарибулвуқӯъи нирӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бори нахуст вазифаҳои марбут ба рафъи паёмадҳои фавқулоддаи биологӣ таҳия мешаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти маркази муштараки машқҳои созмон хабар додааст. Дар машқҳои низомӣ, ки дар Қазоқистон баргузор мешаванд, як воҳиди нав ба ҳайати нерӯҳои дастаҷамъии СПАД ҷалб карда мешавад. Ҳамин тариқ, омӯзиш аз ҷониби шӯъбаи муштараки мудофиаи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ оид ба муҳофизат ва дастгирии тиббӣ гузаронида мешавад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки хизматчиёни ҳарбӣ барои муқовимат ба сирояти шартан махсусан хатарноки пайдоишаш номаълум чораҳо меандешанд. Қобили зикр аст, ки дар Қазоқистон якбора се марҳилаи машқҳо – "Муомила-2022", "Ҷустуҷӯ-2022" ва "Эшелон-2022" аз 26 сентябр оғоз ёфта, то 3 октябр давом мекунад. Барои тамринот беш аз 6,5 ҳазор нафар, аз ҷумла 200 нафар низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд ва беш аз 850 адад техника ворид шуданд. Илова бар ин, ширкаткунандагони ҷамъомади омӯзишӣ тарҳи ташкил ва баргузории амалиёти иктишофӣ аз ҷониби нерӯҳо ва воситаҳои кишварҳои узви СПАД-ро таҳия мекунанд.Ёдовар мешавем, ки ба СПАД шаш кишвар – Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.
https://sputnik.tj/20220926/nizomiyon-saad-nizo-osiyoi-markaziro-tamrin-1051667763.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/07/1046614454_265:0:2996:2048_1920x0_80_0_0_dc92f7827c87c60d8c2685163a3726f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамринҳо спад қазоқистон
Дар тамринҳои СПАД бори нахуст як воҳиди нав вориди амал мешавад
Барои ширкат дар машқҳои низомии нерӯҳои СПАД беш аз 6,5 ҳазор нафар, аз ҷумла 200 нафар низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ҳозир шуданд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар машқҳои ҳарбии қарибулвуқӯъи нирӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бори нахуст вазифаҳои марбут ба рафъи паёмадҳои фавқулоддаи биологӣ таҳия мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуоти маркази муштараки машқҳои созмон хабар додааст.
Дар машқҳои низомӣ, ки дар Қазоқистон баргузор мешаванд, як воҳиди нав ба ҳайати нерӯҳои дастаҷамъии СПАД ҷалб карда мешавад.
Ҳамин тариқ, омӯзиш аз ҷониби шӯъбаи муштараки мудофиаи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ оид ба муҳофизат ва дастгирии тиббӣ гузаронида мешавад.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки хизматчиёни ҳарбӣ барои муқовимат ба сирояти шартан махсусан хатарноки пайдоишаш номаълум чораҳо меандешанд.
Қобили зикр аст, ки дар Қазоқистон якбора се марҳилаи машқҳо – "Муомила-2022", "Ҷустуҷӯ-2022" ва "Эшелон-2022" аз 26 сентябр оғоз ёфта, то 3 октябр давом мекунад.
Барои тамринот беш аз 6,5 ҳазор нафар, аз ҷумла 200 нафар низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд ва беш аз 850 адад техника ворид шуданд.
Илова бар ин, ширкаткунандагони ҷамъомади омӯзишӣ тарҳи ташкил ва баргузории амалиёти иктишофӣ аз ҷониби нерӯҳо ва воситаҳои кишварҳои узви СПАД-ро таҳия мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ба СПАД шаш кишвар – Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.