https://sputnik.tj/20220929/sana-vurud-hududho-nav-rusiya-1051763747.html
Санаи вуруди ҳудудҳои нав ба Русия эълон шуд
Санаи вуруди ҳудудҳои нав ба Русия эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маросими имзои созишномаҳо дар бораи ба Федератсияи Русия дохил шудани ҶМД, ҶМЛ, вилоятҳои Херсон ва Запороже 30 сентябр дар Кремл барпо мегардад
2022-09-29T16:04+0500
2022-09-29T16:04+0500
2023-02-08T19:45+0500
сиёсат
ҳудуд
ҷмд
ҷмл
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103153/54/1031535460_0:0:2996:1685_1920x0_80_0_0_38346cc308dba021abaaed7bdae6284c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Созишнома дар бораи ба Русия пайвастани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Херсон ва Запорожье рӯзи 30 сентябр, соати 15:00 дар Кремл ба имзо мерасад. Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод. Песков ҳамчунин афзуд, ки Кремл дар сурати тасмими ширкат дар раҳпаймоии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар ҳамон рӯз хабар хоҳад дод. Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр дар Маскав ба ҳимоят аз натоиҷи раъйпурсии умумихалқӣ дар бораи шомил шудан ба Федератсияи Русия, ки дар вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Херсон ва Запороже баргузор шуд, барномаи бузурги фарҳангӣ баргузор мешавад.Қаблан сарони ин вилоятҳо бо дархости пайвастани қаламравҳо ба Русия ба Владимир Путин муроҷиат карда буданд. Раъйпурсӣ дар минтақаҳои зикршуда аз 23 то 27 сентябр баргузор шуд, ки дар он 87,05% сокинон ба тарафдории пайвастани вилояти Херсон ба Федератсияи Русия овоз доданд. Аз вуруди вилояти Запороже ба Русия 93,11% интихобкунандагон ҷонибдорӣ карданд.Дар Маркази интихоботии ҶМЛ гуфтанд, ки 98,42% ба тарафдории ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Русия овоз доданд. Дохилшавии ҶМД ба Русияро 99,23% аҳолӣ дастгирӣ карданд.
https://sputnik.tj/20220921/hamapursi-rusiya-gharb-siloh-maskavro-faromush-kard-1051578363.html
ҷмд
ҷмл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103153/54/1031535460_267:0:2996:2047_1920x0_80_0_0_18e1841cd416789d3d0093e8514ef959.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сана вуруд ҳудудҳо нав русия эълон
сана вуруд ҳудудҳо нав русия эълон
Санаи вуруди ҳудудҳои нав ба Русия эълон шуд
16:04 29.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Маросими имзои созишномаҳо дар бораи ба Федератсияи Русия дохил шудани ҶМД, ҶМЛ, вилоятҳои Херсон ва Запороже дар Кремл барпо мегардад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Созишнома дар бораи ба Русия пайвастани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Херсон ва Запорожье рӯзи 30 сентябр, соати 15:00 дар Кремл ба имзо мерасад.
Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар дод.
"Ҳамаи чаҳор, тамоми қаламравҳое, ки раъйпурсӣ баргузор кардаанд ва ба ҷониби Русия дархости дахлдор кардаанд", - гуфт ӯ.
Песков ҳамчунин афзуд, ки Кремл дар сурати тасмими ширкат дар раҳпаймоии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар ҳамон рӯз хабар хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр дар Маскав ба ҳимоят аз натоиҷи раъйпурсии умумихалқӣ дар бораи шомил шудан ба Федератсияи Русия, ки дар вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Херсон ва Запороже баргузор шуд, барномаи бузурги фарҳангӣ баргузор мешавад.
Қаблан сарони ин вилоятҳо бо дархости пайвастани қаламравҳо ба Русия ба Владимир Путин муроҷиат карда буданд.
Раъйпурсӣ дар минтақаҳои зикршуда аз 23 то 27 сентябр баргузор шуд, ки дар он 87,05% сокинон ба тарафдории пайвастани вилояти Херсон ба Федератсияи Русия овоз доданд.
Аз вуруди вилояти Запороже ба Русия 93,11% интихобкунандагон ҷонибдорӣ карданд.
Дар Маркази интихоботии ҶМЛ гуфтанд, ки 98,42% ба тарафдории ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Русия овоз доданд. Дохилшавии ҶМД ба Русияро 99,23% аҳолӣ дастгирӣ карданд.