https://sputnik.tj/20220929/prezident-shavkat-bobozodaro-barkanor-kard-1051776356.html
Президент Шавкат Бобозодаро барканор кард
Президент Шавкат Бобозодаро барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ вазиру раиси агентӣ бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани ҳудуди як миллион сомонӣ аз як ширктаи хориҷӣ, бо ваъдаи иҷрои дархосте муттаҳам мешавад
2022-09-29T21:37+0500
2022-09-29T21:37+0500
2022-10-24T17:24+0500
дар тоҷикистон
барканорӣ
вазифа
шавкат бобозода
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/03/1050457464_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_f6122d3611fa73cc8405a0e01d1862fa.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, аз вазифаи худ барканор шуд.Ӯ як ҳафтаи қабл ба иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шуда буд.Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, фармони барканории Шавкат Бобозода имрӯз, 29 сентябри 2022, аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, имзо шудааст.Барканории Шавкат Бобозода дар ҳолест, ки як ҳафта ба ин сӯ дар пайи шикояти як ширкати хориҷӣ аз сӯи Прокуратураи генералии Тоҷикистон боздошт шудааст. Гуфта мешавад, вай аз ин ширкат ҳудуди 1 миллион сомониро гирифта, масъулияти худро анҷом надодааст.Шавкат Бобозода соли 2019 директори Агентии содироти Тоҷикистон, ки нав ҳамчун як ниҳоди назди ҳукумати кишвар таъсис ёфта буд, таъин шуд. Вай қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд буд.
https://sputnik.tj/20220715/putin-rogozinro-roskosmos-barkanor-1050022539.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/03/1050457464_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_55d802c0ccccf187326f5a163b6330f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барканорӣ, шавкат бобозода, ҳукумат, вазифа
тоҷикистон, барканорӣ, шавкат бобозода, ҳукумат, вазифа
Президент Шавкат Бобозодаро барканор кард
21:37 29.09.2022 (Навсозишуда: 17:24 24.10.2022) Собиқ вазиру раиси агентӣ бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани ҳудуди як миллион сомонӣ аз як ширктаи хориҷӣ, бо ваъдаи иҷрои дархосте муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, аз вазифаи худ барканор шуд.
Ӯ як ҳафтаи қабл ба иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, фармони барканории Шавкат Бобозода имрӯз, 29 сентябри 2022, аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, имзо шудааст.
“Сухан аз озод шудани Шавкат Бобозода, аз вазифаи директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон меравад”, - гуфт манбаъ.
Барканории Шавкат Бобозода дар ҳолест, ки як ҳафта ба ин сӯ дар пайи шикояти як ширкати хориҷӣ аз сӯи Прокуратураи генералии Тоҷикистон боздошт шудааст. Гуфта мешавад, вай аз ин ширкат ҳудуди 1 миллион сомониро гирифта, масъулияти худро анҷом надодааст.
Шавкат Бобозода соли 2019 директори Агентии содироти Тоҷикистон, ки нав ҳамчун як ниҳоди назди ҳукумати кишвар таъсис ёфта буд, таъин шуд. Вай қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд буд.