Тавофуқи толибону Русия дар бораи хариди маводи сӯхт

© Sputnik / Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкДелегация талибов
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Обуна шудан
Баъд аз ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибҳо дар Афғонистон ин аввалин тавофуқномаи бузургест, ки онҳост, бо Маскав имзо кардаанд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Русия бо давлати толибон дар мавриди интиқоли коло ба Афғонистон созишномаи муқаддамотӣ ба имзо расониданд.
Дар ин бора Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати савдо ва саноати кАфғонистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав ба фурӯши бензин, сӯзишвории дизелӣ, газ ва гандум ба Кобул шурӯъ мекунад. Дар баробари ин давлати толибон барои хариди ашёи хом тахфифҳо пешниҳод кард.
Тибқи шартномаҳои пешакии иқтисодӣ, Маскав ҳамасола 1 миллион тонна маволди дизелӣ, 500 ҳазор тонна гази моеъ ва 2 миллион тонна гандум содир хоҳад кард.
Мӯҳлати созишнома ниҳоӣ нашудааст, вале баъд аз давраи озмоишӣ кишварҳо метавонанд як созишномаи дарозмуддатро ба имзо расонанд.
Рахматулла Набил, бывшый глава службы безопасности Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Набил: Мудохилоти ҳамсоягон барои Афғонистон фоҷеабор буд
Хабаргузорӣ хабар додааст, ки ин аввалин созишномаи бузурги иқтисодӣ аст, ки ин гурӯҳ баъд аз ба сари қудрат расиданаш дар Афғонистон бастааст.
Созишнома метавонад ба Афғонистон дар рафъи бунбасте, ки онро аз низоми ҷаҳонии бонкӣ қатъ кардаанд, кӯмак намояд.
Қобили зикр аст, ки то ҳол аз ҷониби Русия дар ин бора изҳороти расмӣ пахш нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаи “TOLOnews” дар авохири моҳи август бо такя ба вазорати тиҷорат ва саноеъи толибон хабар дода буд, ки мақомоти ин кишвар қариб аст бо Русия дар мавриди хариди нафту газ қарордод банданд.
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, ба далели таҳримҳо, муомилот тавассути кишварҳои сеюм сурат мегирад.
Миёнаҳои моҳи июн як ҳайати Толибон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок кард. Пас аз он эълон карданд, ки аз Русия нафту газ мехаранд ва ба ин кишвар меваю маъданро мефурӯшанд.
Лентаи хабарҳо
0