Таомҳои тоҷикӣ ғолиби ҷашнвораи анъанаҳои фарҳангӣ дар Тошканд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикский праздничный стол - дастархан
Таджикский праздничный стол - дастархан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Обуна шудан
Дар Ҷашнвораи XVIII хайрияи анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллӣ суфраи тоҷикӣ ғолиб дониста шуда ва сазовори мукофоти махсус гардид
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ахиран дар Боғи истироҳати “Central Park”-и шаҳри Тошкент Ҷашнвораи XVIII хайрияи анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷашнвора суфраи тоҷикӣ аз рӯи номинатсияи “Таомҳои миллии таърихӣ” ғолиб дониста шуда, сазовори мукофоти махсус гардид. Ҳамчунин сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон сазовори дипломи ин ҷашнвора гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки ҷашнвора бо ташаббуси Бюрои хадамоти дастгоҳи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд.
Абдуджаббор Рахмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сафир дар Ӯзбекистон гуфт, чаро ҷои дӯстии тоҷикону қирғизҳо дар марзро душманӣ гирифт
Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон радифи сафоратхонаҳои дигари хориҷӣ бо суфраи худ дар ҷашнвора иштирок намуд.
Суфрае, ки Сафорат барои ин ҷашнвора густард, аз таомҳои гуногуни миллии тоҷикӣ, мисли қурутоб, оши кӯфта, оши бурида, оши палав, шӯрбо, инчунин, бастаи шириниҳо, маҳсулоти аз хамир тайёршуда, себу шафтолуву анор, ангуру анҷир ва амсоли он иборат буд.
“Бори ҳаждаҳум аст, ки Сафорати мо дар чунин Ҷашнвора ширкат мекунад. Маблағи аз ин ҳисоб ҷамъшуда барои анҷоми корҳои хайрия масраф мегардад. Ин бор низ суфраи мо мавриди таваҷҷуҳи махсуси меҳмонони зиёди чорабинӣ қарор гирифт”, - гуфтааст корманди сафорати Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0