https://sputnik.tj/20220928/jahish-narkh-futbolboz-tojik-1051729481.html
Ҷаҳиши нархи футболбозҳои тоҷик: Кӣ чанд пул меистад?
Ҷаҳиши нархи футболбозҳои тоҷик: Кӣ чанд пул меистад?
Ба сегонаи гаронарзиштарин бозигарони тими мунтахаби Тоҷикистон, Эҳсони Панҷшанбе, Зоир Ҷӯрабоев ва Рустам Ятимов ворид гардидаанд
2022-09-28T13:50+0500
2022-09-28T13:50+0500
2022-09-28T13:52+0500
дар тоҷикистон
ҷавонон ва варзиш
футбол
истиқлол
бозигар
нарх
тими миллии футболи тоҷикистон
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1c/1051721500_0:32:1280:752_1920x0_80_0_0_b3a7017351a8d959831c1307212c50bc.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Нархи умумии бозигарони тими миллии футболи Тоҷикистон 100 ҳазор евро боло рафтаст, бармеояд аз додаҳои "Transfermarkt". Бар асоси ин манбаъ, аз ҳама гаронарзиштарин, ин бозигари тими “Зубоҳан”-и Эрон Эҳсони Панҷшанбе шудаст, ки нархаш ҳудуди 700 ҳазор евро ҳисоб шудаст. Дар ҷои дуюм Зоир Ҷӯрабоев бо 500 ҳазор евро аз тими “Сурхон”-и Ӯзбекистон ва сеюм - Рустам Ятимов бо 400 ҳазор евро аз "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе қарор доранд. Ҷойи чаҳорумро ҳимоятгари “Персеполис”-и Эрон Ваҳдат Хононов ва ҳамлагари “Трау”-и Ҳинд Комрон Турсунов тақсим мекунанд. Онҳо 325 ҳазор евроӣ арзиш доранд. Бозигарони дигари тими миллӣ Шаҳром Самиев аз "Ислочи"-и Белорус, Рустам Соиров аз "Левадия"-и Эстония ва Нуриддин Ҳамроқулов аз "Хатлон" 300 ҳазор евроӣ баҳогузорӣ шудаанд. Арзиши 250 ҳазор евро ба Амирбек Ҷӯрабоев аз "Юнайтед Сити"-и Филиппин ва Муҳаммадҷон Раҳимов аз "Истиқлол" нисбат дода мешавад. Манучеҳр Сафаров аз "Локомотив"-и Тошканд 225 ҳазор евро, Шоҳрӯз Қирғизбоев аз "Хуҷанд" - 200 ҳазор, Аҳтам Назаров ва Шервон Мабатшоев аз "Истиқлол" - 175 ҳазор евроm нарх доранд. Арзиши Муҳриддин Ҳасанов ва Парвиз Боқи-Охунов аз "Истиқлол" 150 ҳазор евроист. Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода ва Далер Имомназаров аз "Истиқлол" ва Ҳамадони Камолов аз "Паракуэллос"-и Испания 125 ҳазор евро нарх доранд. Дар ҷамъбасти феҳраст Табрези Давлатмир аз "Истиқлол" бо арзиши 100 ҳазор евро ҷой гирифтаст.
https://sputnik.tj/20220927/dastai-muntakhabi-futzali-tojikiston-jomi-osiyo-piruzi-1051718046.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1c/1051721500_51:0:1270:914_1920x0_80_0_0_450a7ed222447c4775efee64d75552d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ҷаҳиш, арзиш, футболбоз, пул
ҷаҳиш, арзиш, футболбоз, пул
Ҷаҳиши нархи футболбозҳои тоҷик: Кӣ чанд пул меистад?
13:50 28.09.2022 (Навсозишуда: 13:52 28.09.2022) Ба сегонаи гаронарзиштарин бозигарони тими мунтахаби Тоҷикистон, Эҳсони Панҷшанбе, Зоир Ҷӯрабоев ва Рустам Ятимов ворид гардидаанд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Нархи умумии бозигарони тими миллии футболи Тоҷикистон 100 ҳазор евро боло рафтаст, бармеояд аз додаҳои "Transfermarkt".
Бар асоси ин манбаъ, аз ҳама гаронарзиштарин, ин бозигари тими “Зубоҳан”-и Эрон Эҳсони Панҷшанбе шудаст, ки нархаш ҳудуди 700 ҳазор евро ҳисоб шудаст.
Дар ҷои дуюм Зоир Ҷӯрабоев бо 500 ҳазор евро аз тими “Сурхон”-и Ӯзбекистон ва сеюм - Рустам Ятимов бо 400 ҳазор евро аз "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе қарор доранд.
Ҷойи чаҳорумро ҳимоятгари “Персеполис”-и Эрон Ваҳдат Хононов ва ҳамлагари “Трау”-и Ҳинд Комрон Турсунов тақсим мекунанд. Онҳо 325 ҳазор евроӣ арзиш доранд.
Бозигарони дигари тими миллӣ Шаҳром Самиев аз "Ислочи"-и Белорус, Рустам Соиров аз "Левадия"-и Эстония ва Нуриддин Ҳамроқулов аз "Хатлон" 300 ҳазор евроӣ баҳогузорӣ шудаанд.
Арзиши 250 ҳазор евро ба Амирбек Ҷӯрабоев аз "Юнайтед Сити"-и Филиппин ва Муҳаммадҷон Раҳимов аз "Истиқлол" нисбат дода мешавад.
Манучеҳр Сафаров аз "Локомотив"-и Тошканд 225 ҳазор евро, Шоҳрӯз Қирғизбоев аз "Хуҷанд" - 200 ҳазор, Аҳтам Назаров ва Шервон Мабатшоев аз "Истиқлол" - 175 ҳазор евроm нарх доранд. Арзиши Муҳриддин Ҳасанов ва Парвиз Боқи-Охунов аз "Истиқлол" 150 ҳазор евроист.
Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода ва Далер Имомназаров аз "Истиқлол" ва Ҳамадони Камолов аз "Паракуэллос"-и Испания 125 ҳазор евро нарх доранд. Дар ҷамъбасти феҳраст Табрези Давлатмир аз "Истиқлол" бо арзиши 100 ҳазор евро ҷой гирифтаст.