Эълони натиҷаи раъйдиҳӣ дар мавриди пайвастани ҷумҳуриҳои Донбассу манотиқи дигар ба Русия

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкПодсчет голосов на референдумах в ЛНР, ДНР, Херсонской и Запорожской областях
Подсчет голосов на референдумах в ЛНР, ДНР, Херсонской и Запорожской областях - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Обуна шудан
Раъйдиҳӣ дар ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, ки аз 23 то 27 сентябр идома дошт, ҷамъбаст гардида, ҳамаи 100%-и варақаҳо ҳисоб карда шуданд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Сокинони ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск ва вилоятҳои Запорожею Херсон барои пайвастан ба Русия овоз доданд.
Дар Донетск ин икдомро 99,23%, дар Луганск 98,42%, дар вилояти Запороже - 93,11%, ва вилояти Херсон - 87,05% тарафдорӣ карданд, хабар дод РИА "Новости". Таъкид шудаст, ки ин маълумот баъди коркарди 100 дарсади варақаҳои овоздиҳӣ ироа гардид.
Зикр гардидаст, ки дар рафти раъйпурсӣ ягон қонуншикании дағал ва ё эроде ба қайд гирифта нашудааст.
Дар мавриди ҳузури интихоботкунандагон таъкид гардидаст, ки зимни раъйпурсӣ дар ҷумҳурии Донетск - 97,51%, Луганск - 92,6%, Запороже - 85,4% ва дар вилояти Херсон 76,86%-и маҷмуи умумии интихобкунандагон овози худро додаанд.
Встречи С. Лаврова на полях 77-й сессии Генассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Маскав музокира бо Киевро рад намекунад
Қаблан палатаҳои ҷамъиятии ҶХД ва ҶХЛ аз роҳбарони кишварҳояшон баргузории раъйпурсӣ барои пайвастшавӣ ба ҳайати Русияро дархост карда буданд ва рӯзҳои 23 то 27 сентябр замони баргузории ҳамапурсӣ таъйин шуд.
Аз натиҷаи ин ҳамапурсӣ интизор меравад, ки 28 сентябр роҳбарони ҷумҳурию вилоятҳои зикршуда барои пайвастан ба Русия ба раисҷумҳур Владимир Путин муроҷиат намоянд.
Қаблан Путин азми мардуми Донбасс, Херсон ва Запрожеро барои муайян кардани ояндаашон ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки ФР амнияти баргузории раъйпурсиро таъмин хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0