https://sputnik.tj/20220928/desant-nery-ukraina-video-1051742424.html
Низомиёни Русия бо бесарнишинҳо пинҳонгоҳи нерӯҳои Украинаро нобуд карданд – видео
Низомиёни Русия бо бесарнишинҳо пинҳонгоҳи нерӯҳои Украинаро нобуд карданд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймоҳои бесарнишин ошкор кардаанд миллатгароён ва техникаи вазнини нерӯҳои Украина дар ҷангалзор мақар гирифтаанд ва сипас сӯяшон оташ кушода шуд
2022-09-28T17:30+0500
2022-09-28T17:30+0500
2022-09-28T17:38+0500
видео
амният ва мудофиа
украина
амалиёт
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1c/1051742610_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_55289cb59778cce0a2a6d8a461bfbba5.jpg
Вазорати дифои Русия нишон дод, ки чӣ гуна нерӯҳои ҳавоӣ мавқеъҳои низомиёни Украинаро дар ҷангалзор бо кумаки ҳавопаймоҳои бесарнишин ва артиллерия нобуд кардаанд.Бар асоси навори нашргардида, нахуст ҳавопаймоҳои бесарнишин ошкор мекунанд, ки миллатгароён ва техникаи вазнини нерӯҳои Украина дар ҷангалзор мақар гирифтаанд. Дар пайи дарёфти иттилоъ дар мавриди мушахассоти мавқеъгирӣ, бо артиллерия ба он зарбаи ҳавоӣ зада мешавад. Илова бар ин, дар рафти амалиёт партоби норинҷакҳо аз квадрокоптерҳо низ кор бурда шудаст. Шойгу: Русия амалиёти низомиро то анҷоми тамоми ҳадафҳо идома хоҳад додВазорати дифои Русия тавзеҳ дод, ки бар асари зарба на танҳо нерӯи зинда, балки 2 адад техникаи низомӣ, аз ҷумла як ракетандози чандгонаи "Град" низ нобуд шудааст.Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президенти ФР, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Подразделения ВДВ уничтожили позиции украинских военных. Кадры Минобороны РФ
Sputnik Тоҷикистон
Минобороны показало, как подразделения ВДВ с помощью беспилотников и артиллерии уничтожили в лесополосе позиции украинских военных
2022-09-28T17:30+0500
true
PT2M00S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1c/1051742610_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_7fcea69979b0d03bc3946e836db08e3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нерӯ, навор, нобудсозӣ, ҷангал
нерӯ, навор, нобудсозӣ, ҷангал
Низомиёни Русия бо бесарнишинҳо пинҳонгоҳи нерӯҳои Украинаро нобуд карданд – видео
17:30 28.09.2022 (Навсозишуда: 17:38 28.09.2022) Ҳавопаймоҳои бесарнишин ошкор кардаанд миллатгароён ва техникаи вазнини нерӯҳои Украина дар ҷангалзор мақар гирифтаанд ва сипас сӯяшон оташ кушода шуд
Вазорати дифои Русия нишон дод, ки чӣ гуна нерӯҳои ҳавоӣ мавқеъҳои низомиёни Украинаро дар ҷангалзор бо кумаки ҳавопаймоҳои бесарнишин ва артиллерия нобуд кардаанд.
Бар асоси навори нашргардида, нахуст ҳавопаймоҳои бесарнишин ошкор мекунанд, ки миллатгароён ва техникаи вазнини нерӯҳои Украина дар ҷангалзор мақар гирифтаанд.
Дар пайи дарёфти иттилоъ дар мавриди мушахассоти мавқеъгирӣ, бо артиллерия ба он зарбаи ҳавоӣ зада мешавад. Илова бар ин, дар рафти амалиёт партоби норинҷакҳо аз квадрокоптерҳо низ кор бурда шудаст.
Вазорати дифои Русия тавзеҳ дод, ки бар асари зарба на танҳо нерӯи зинда, балки 2 адад техникаи низомӣ, аз ҷумла як ракетандози чандгонаи "Град" низ нобуд шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президенти ФР, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.