Посухи Теҳрон дар мавриди таҳвили бесарнишинҳо ба Русия

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Обуна шудан
Мақомоти Эрон эълом карданд, ки бо Русия созишнома дар бахши дифоӣ доранд, вале таҳвили силоҳро дар Украина барои ҳарду ҷониб ҳам мушкилзою нодуруст медонанд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Теҳрон хоҳони шиддати даргирии мусаллаҳона миёни Русия ва Украина набуда, талошҳояшро барои ҳалли мухолифат аз роҳҳои дипломатӣ - сиёсӣ идома хоҳад дод.
Ин нуктаро вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар посух ба суоли хабарнигори "Al-Monitor" дар бораи эҳтимоли интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русия баён доштааст.
РИА "Новости" аз қавли Абдуллоҳиён овардааст, Теҳрон ҳеҷ яке аз ҷонибҳои даргир дар Украинаро пуштибонӣ намекунад ва ирсоли силоҳро ҳам ба Киев ва ҳам ба Маскав нодуруст медонад.

"Мо бо Русия созишномаи ҳамкориҳои дифоӣ дорем. Аммо ҳеҷ яке аз тарафҳои ҷанги Украинаро, ки боиси идомаи он хоҳад шуд, пуштибонӣ намекунем. Мо шадидан зидди ҳар гуна ҷанг ҳастем, хоҳ дар Украина, хоҳ дар Яман ва чи дар Фаластин", - гуфт ӯ.

Дипломати Эрон аз ширкаташон дар талошҳо барои расидан ба сулҳ ва оташбас дар Украина зикр намуда, таъкид кардааст, ки ба густариши муколамаи сиёсӣ ва хотима додан ба ин бӯҳрон аз роҳҳои сиёсӣ кор хоҳанд бурд.
Рабочая поездка президента РФ В.Путина в Новгородскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Путин: Ғарб бояд Русияро эҳтиром кунад
Ин дар ҳолест, ки қаблан Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия хабарҳо дар мавриди интиқоли бесарнишинҳо аз сӯи Теҳрон ба Маскавро партоби иттилоотӣ гуфт, ки сунъӣ дар расонаҳои амрикоӣ роҳандозӣ гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0