https://sputnik.tj/20220927/maqomot-sugd-khona-kharobshuda-barqaror-1051704721.html
Мақомоти Суғд: Хонаҳои харобшудаи шаҳрвандонро дар кутоҳтарин муддат барқарор мекунем
Мақомоти Суғд: Хонаҳои харобшудаи шаҳрвандонро дар кутоҳтарин муддат барқарор мекунем
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯмакҳои моддии раисҷумҳури кишвар ба оилаҳои зарардида дастрас карда шуд
2022-09-27T15:40+0500
2022-09-27T15:40+0500
2022-09-27T15:40+0500
дар тоҷикистон
суғд
раҷаббой аҳмадзода
ноҳияи бобоҷон ғафуров
бунёди хонаҳо
барқарор кардан
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1b/1051704415_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_dda3c82c7346843988b12fc16fe31d4d.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба зарардидагони даргириҳои марзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ кӯмакҳои моддии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суҳбат намуда, таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар як оилаи зарардида барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматӣ ба миқдори зарурӣ семент, шифер, арматура, хишт, тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ҷудо гардид.Раиси вилоят таъкид кардааст, ки манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар кутоҳтарин муддат бунёд ва бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин хоҳад шуд.Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки беш аз 100 кушта аз ҳарду ҷониб ва садҳо маҷруҳро барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд.Ҷониби Тоҷикистон қаблан теъдоди қурбониён аз зарбаи ҷониби Қирғизистон дар марзро 41 нафар гуфта, таъкид намуд, ки ин рақам метавонад афзоиш ёбад. Феълан дар расонаю шабакаҳои иҷтимоӣ феҳрасти ҳудуди 60 нафар нашр шудаст, ки гуфта мешавад, бар асари зарбаҳои охири ҷониби Қирғизистон кушта шудаанд. Расман ин рақам ҳолло таъйид нашудаст.Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳо дар ин даргириро 59 нафар арзёбӣ кардааст.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.
https://sputnik.tj/20220925/yatimov-sanadi-navi-marzi-ghayrinizomisoz-1051664240.html
суғд
ноҳияи бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1b/1051704415_112:0:1249:853_1920x0_80_0_0_1def22eae4ee0ae4e8fd55aa2a8446da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, бобоҷон ғафуров, хонаҳои харобшуда, барқарор, зарардида, дастрас, кумак, раисҷумҳур
тоҷикистон, суғд, бобоҷон ғафуров, хонаҳои харобшуда, барқарор, зарардида, дастрас, кумак, раисҷумҳур
Мақомоти Суғд: Хонаҳои харобшудаи шаҳрвандонро дар кутоҳтарин муддат барқарор мекунем
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯмакҳои моддии раисҷумҳури кишвар ба оилаҳои зарардида дастрас карда шуд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба зарардидагони даргириҳои марзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ кӯмакҳои моддии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суҳбат намуда, таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар як оилаи зарардида барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматӣ ба миқдори зарурӣ семент, шифер, арматура, хишт, тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ҷудо гардид.
Раиси вилоят таъкид кардааст, ки манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар кутоҳтарин муддат бунёд ва бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин хоҳад шуд.
“Барои зимистонгузаронии оилаҳои зарардида бошад орд, биринҷ, равған, пиёз, сабзӣ, картошка, макарон шакар ҷудо ва дастрас шуда истодааст”,- қайд кардааст Раҷаббой Аҳмадзода.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки беш аз 100 кушта аз ҳарду ҷониб ва садҳо маҷруҳро барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон қаблан теъдоди қурбониён аз зарбаи ҷониби Қирғизистон дар марзро 41 нафар гуфта, таъкид намуд, ки ин рақам метавонад афзоиш ёбад. Феълан дар расонаю шабакаҳои иҷтимоӣ феҳрасти ҳудуди 60 нафар нашр шудаст, ки гуфта мешавад, бар асари зарбаҳои охири ҷониби Қирғизистон кушта шудаанд. Расман ин рақам ҳолло таъйид нашудаст.
Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳо дар ин даргириро 59 нафар арзёбӣ кардааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.