https://sputnik.tj/20220926/raypursi-jkhd-jkhl-barguzorshuda-1051664895.html
Раъйпурсӣ дар ҶХД ва ҶХЛ баргузоршуда эълон гардид
Раъйпурсӣ дар ҶХД ва ҶХЛ баргузоршуда эълон гардид
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетск бо такя ба омори иштироки шаҳрвандон дар ҳамапурсӣ барои пайвастан ба Русия баргузоршуда эълон намуданд
2022-09-26T09:00+0500
2022-09-26T09:00+0500
2022-09-28T17:46+0500
дар русия
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
раъйпурсӣ
интихобкунанда
донбасс
херсон
донетск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/18/1051653594_0:0:3047:1714_1920x0_80_0_0_b93014caef37019d035d7adf3da44671.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Иштироки интихобкунандагон аз рӯи натиҷаҳои се рӯзи овоздиҳӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Луганск беш аз 76%-ро ташкил дод, овардааст РИА "Новости" аз қавли раиси Маркази интихоботии ҷумҳурӣ Елена Кравченко. Ба иттилои манбаъ, раъйпурсӣ баргузоршуда эътироф шуд. Зикр гардидаст, ки бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, раъйпурсӣ дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки дар он 50%-и ҷамъи як интихобкунанда овоз дода бошад.Кравченко изҳор дошт, ки рӯзи сеюми овоздиҳӣ 21,97%-и интихобкунандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Дар маҷмуъ ин нишондод дар ҷумҳурӣ 76,09% ширкат доштанд. Вай дар ҷамъбасти рӯзи сеюм изҳор дошт, ки беш аз як млн нафар овоз доданд.Дар Ҷумҳурии мардумии Донетск раъйпурсиро баргузоршуда ҳисоб кардан мумкин аст, зеро беш аз 50%-и интихобкунандагон аллакай овоз додаанд, гуфт Александр Кофман, раиси Палатаи ҷамъиятии ҷумҳурӣ. Дар навбати худ раиси комиссияи интихоботии вилояти Херсон Марина Захарова гуфт, ки дар се рӯзи раъйдиҳӣ дар вилояти Херсон 48,91% аз рӯйхати интихобкунандагон аллакай овози худро доданд. Дар маҷмуъ рӯйхат 750 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихоботии вилояти Запороже Галина Катюшенко, дар пайи натоиҷи се рӯзи раъйпурсӣ 51,55%-и раъйдиҳандагон ширкат кардаанд. Қаблан палатаҳои ҷамъиятии ҶХД ва ҶХЛ аз роҳбарони кишварҳояшон баргузории раъйпурсӣ барои пайвастшавӣ ба ҳайати Русияро дархост карда буданд ва рӯзҳои 23 то 27 сентябр замони баргузории ҳамапурсӣ таъйин шуд.Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран азми мардуми Донбасс, Херсон ва Запрожеро барои муайян кардани ояндаашон ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки ФР амнияти баргузории раъйпурсиро таъмин хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220925/lavrov-maskav-muzokira-kiev-1051657520.html
херсон
донетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/18/1051653594_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ea05c80389fe802279f740328b1105bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, баргузорӣ, ҷхд, ҷхл
эълон, баргузорӣ, ҷхд, ҷхл
Раъйпурсӣ дар ҶХД ва ҶХЛ баргузоршуда эълон гардид
09:00 26.09.2022 (Навсозишуда: 17:46 28.09.2022) Мақомоти ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетск бо такя ба омори иштироки шаҳрвандон дар ҳамапурсӣ барои пайвастан ба Русия баргузоршуда эълон намуданд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Иштироки интихобкунандагон аз рӯи натиҷаҳои се рӯзи овоздиҳӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Луганск беш аз 76%-ро ташкил дод, овардааст РИА "Новости" аз қавли раиси Маркази интихоботии ҷумҳурӣ Елена Кравченко.
Ба иттилои манбаъ, раъйпурсӣ баргузоршуда эътироф шуд. Зикр гардидаст, ки бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, раъйпурсӣ дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки дар он 50%-и ҷамъи як интихобкунанда овоз дода бошад.
Кравченко изҳор дошт, ки рӯзи сеюми овоздиҳӣ 21,97%-и интихобкунандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Дар маҷмуъ ин нишондод дар ҷумҳурӣ 76,09% ширкат доштанд. Вай дар ҷамъбасти рӯзи сеюм изҳор дошт, ки беш аз як млн нафар овоз доданд.
Дар Ҷумҳурии мардумии Донетск раъйпурсиро баргузоршуда ҳисоб кардан мумкин аст, зеро беш аз 50%-и интихобкунандагон аллакай овоз додаанд, гуфт Александр Кофман, раиси Палатаи ҷамъиятии ҷумҳурӣ.
Дар навбати худ раиси комиссияи интихоботии вилояти Херсон Марина Захарова гуфт, ки дар се рӯзи раъйдиҳӣ дар вилояти Херсон 48,91% аз рӯйхати интихобкунандагон аллакай овози худро доданд. Дар маҷмуъ рӯйхат 750 ҳазор нафарро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихоботии вилояти Запороже Галина Катюшенко, дар пайи натоиҷи се рӯзи раъйпурсӣ 51,55%-и раъйдиҳандагон ширкат кардаанд.
Қаблан палатаҳои ҷамъиятии ҶХД ва ҶХЛ аз роҳбарони кишварҳояшон баргузории раъйпурсӣ барои пайвастшавӣ ба ҳайати Русияро дархост карда буданд ва рӯзҳои 23 то 27 сентябр замони баргузории ҳамапурсӣ таъйин шуд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран азми мардуми Донбасс, Херсон ва Запрожеро барои муайян кардани ояндаашон ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки ФР амнияти баргузории раъйпурсиро таъмин хоҳад кард.