Нашри феҳрасти ҷосусони украинӣ дар хориҷ, аз ҷумла дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкКибербезопасность, архивное фото
Кибербезопасность, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Обуна шудан
Рӯйхати ҷосусони украиние нашр гардидааст, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ дар ҳудуди 20 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Гурӯҳи ҳакерии "RaHDIt" дар вебсайти "Немезида" маълумот дар бораи беш аз 1500 корманди Хадамоти истихбороти хориҷии Украинаро нашр кард.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар дода, таъкид намудааст, ки манбаи хабаргузорӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воқеӣ будани ин феҳрастро таъйид кардааст.
Аз ҷумла маълумот дар бораи ҷосусоне нашр гардидааст, ки дар ҳудуди 20 давлати хориҷӣ зери ниқоби сафоратхонаҳо фаъолият доранд.
Дар рӯйхати кишварҳо аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Итолиё, Олмон, Лаҳистон мебошанд, ки аз Украина фаъолона пуштибонӣ мекунанд. Ҳамчунин кишварҳое ҳам қарор доранд, ки мавқеи боздоранда доранд. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон, Озарбойҷон, Аргентина, Маҷористон, Юнон, Ироқ ва Африқои Ҷанубӣ дохил мебошанд.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Матвиенко: Давлати Украина ба як режими террористӣ табдил ёфтааст
Илова бар ин, хакерҳо маълумоти афсарони иктишофии Украинаро, ки дар дафтарҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО кор мекарданд, ошкор карданд.
Ноширон тавзеҳ додаанд, ки ба махзани маълумоти кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти истихбороти хориҷии Украина дастрасӣ пайдо карда, онҳоро муқоиса карданд ва мувофиқат пайдо карданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ гурӯҳи "RaHDIt" маълумот дар бораи аъзои хадамоти махсуси Украинаро дар шабакаҳо нашр карда буд. Моҳи июн ҳакерҳо маълумоти 700 корманди Хадамоти амнияти миллӣ ва дар авоили моҳи июл рӯйхати кормандони Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина ва афроди марбут ба онро нашр карданд.
Ҳамчунин дар оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс ин гурӯҳ ҳамзамон тамоми 755 сомона ҳукуматии Украинаро рахна карда буд.
Лентаи хабарҳо
0