Истеъфои раиси ҷамъияти тоҷикон аз мақоми баландаш дар ҳукумати Қирғизистон

© Facebook / Икбол ТешаевРавшанбек Сабиров, новый вице-премьера Киргизии
Равшанбек Сабиров, новый вице-премьера Киргизии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Обуна шудан
Равшанбек Собиров дар гузашта вазир, вакили парлумон, мушовири президенти Қирғизистон ва ним соли охир роҳбари Агентии миллии сармоягузории ин кишвар буд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов, Равшанбек Собировро аз мақоми раиси Агентии миллии сармоягузорӣ барканор кардааст. Собиров, ки роҳбарии ҷамъияти тоҷикони Қирғизистонро низ ба уҳда дорад, дар ин мақом аз моҳи марти соли равон фаъолият дошт.
Бар асоси фармони раисҷумҳури Қирғизистон, Собиров аз мақомаш ихтиёран истеъфо додаст.
Маврид ба зикр аст, ки Равшанбек Собиров 52-сола аст ва дар хонаводаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Вай ҳудуди 15 соли охир раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакиро ро ба ӯҳда дорад.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти 20-солаи марзӣ: Дипломати тоҷик мушкили тавофуқот бо Бишкекро гуфт
Собиров аз моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъйин гардида, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардида буд. Баъдан ба 5 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуду бар асоси қонуни афв соли 2014 раҳо гардид.
Пас аз рӯйдодҳои моҳи октябри соли 2020 ва сари қудрат омадани Содир Ҷабборов, Равшанбек Собиров муовини сарвазир шуд. Ҳамчунин додгоҳи олии Қирғизистон қарори зинаҳои поёниро дар мавриди ӯ бекор кард. Дар моҳи феврали соли 2021 вай мушовири президенти Қирғизистон таъйин гардид.
Моҳи октябри соли 2021 бинобар иштирокаш дар интихоботи парлумонӣ аз мақоми мушовири президент озод шуда, моҳи марти соли равон мақоми раиси Агентии миллии сармоягузории Қирғизистонро гирифта буд. Дар мавриди фаъолияту таъйиноти минбаъдаи Собиров феълан иттилое ироа нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0