https://sputnik.tj/20220926/farhod-daryo-rahmon-gureza-afghon-1051667040.html
Фарҳод Дарё аз Раҳмон хост, гурезаҳои афғонро наронад
Фарҳод Дарё аз Раҳмон хост, гурезаҳои афғонро наронад
Sputnik Тоҷикистон
Сарояндаи маъруфи афғон изҳори умед кардааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба муроҷиаташ расидагӣ хоҳад карду ихроҷи гурезаҳо ба Афғонистон қатъ мегардад
2022-09-26T11:55+0500
2022-09-26T11:55+0500
2022-09-28T17:53+0500
дар тоҷикистон
фарҳод дарё
эмомалӣ раҳмон
муроҷиат
овозхон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041848587_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_69d5a23d84d8fbc0a9c7e6d6e4546fb6.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Сарояндаи маъруфи афғон, Фарҳод Дарё аз президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон хостааст, паноҳандагонро аз кишвар наронад. Ӯ бо нашри муроҷиатнома дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, афғонистониҳо Тоҷикистонро меҳмоннавозтарин ва дӯсттарин ҳамсояи худ медонанд ва намехоҳанд бовар кунанд, ки ҳукумати ин кишвар дар рӯзҳои сахт аз онҳо рӯй мегардонад. Овозхон умедвор аст, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки "бо дили бузурги худ маъруф аст" ҳарфҳои ӯро мавриди назар мегирад ва аз ҳамватанонаш пуштибонӣ мекунад.Ин муроҷиат дар ҳолест, ки моҳҳои охир хабарҳо дар мавриди ихроҷи бархе аз гурезаҳои афғон аз Тоҷикистон дар расонаҳо нашр мегарданд. Пештар мақомоти тоҷик теъдоди паноҳандагони афғонистониро дар кишвар 15 ҳазор арзёбӣ карда буданд. Таъкид мешавад, ки бисёре аз паноҳандагони афғон Тоҷикистонро, барои зиндагии доимӣ интихоб накардаанд, балки тавассути ҶТ талош мекунанд, ба кишварҳои хориҷ бираванд.Дар зимн Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагии "Россотрудничество" дар Душанбе талош дорад, барои паноҳҷӯёни афғон кумак расонад. Аз ҷумла паноҳандагони афғонистонӣ бо мақсади соҳибкасб шудан дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.Намояндагии "Россотрудничество" давраи омӯзишии "Русӣ ҳамчун забони хориҷӣ" барои паноҳҷӯёни афғон дар Душанберо роҳандозӣ намуд. Таъкид мешавад, ки ҳадаф аз баргузории ин курсҳо кумак ба наврасону ҷавонон барои мутобиқ шудан ба зиндагӣ ва таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20220715/zindagii-panohjuyoni-afghonistoni-jabbor-rasulov-video-1050026075.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041848587_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_85d09d2bd65e12de5b44526123f1404b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хоҳиш, фарҳод дарё, раҳмон, гуреза, афғон
хоҳиш, фарҳод дарё, раҳмон, гуреза, афғон
Фарҳод Дарё аз Раҳмон хост, гурезаҳои афғонро наронад
11:55 26.09.2022 (Навсозишуда: 17:53 28.09.2022) Сарояндаи маъруфи афғон изҳори умед кардааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба муроҷиаташ расидагӣ хоҳад карду ихроҷи гурезаҳо ба Афғонистон қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Сарояндаи маъруфи афғон, Фарҳод Дарё аз президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон хостааст, паноҳандагонро аз кишвар наронад.
Ӯ бо нашри муроҷиатнома дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, афғонистониҳо Тоҷикистонро меҳмоннавозтарин ва дӯсттарин ҳамсояи худ медонанд ва намехоҳанд бовар кунанд, ки ҳукумати ин кишвар дар рӯзҳои сахт аз онҳо рӯй мегардонад.
Овозхон умедвор аст, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки "бо дили бузурги худ маъруф аст" ҳарфҳои ӯро мавриди назар мегирад ва аз ҳамватанонаш пуштибонӣ мекунад.
Ин муроҷиат дар ҳолест, ки моҳҳои охир хабарҳо дар мавриди ихроҷи бархе аз гурезаҳои афғон аз Тоҷикистон дар расонаҳо нашр мегарданд.
Пештар мақомоти тоҷик теъдоди паноҳандагони афғонистониро дар кишвар 15 ҳазор арзёбӣ карда буданд. Таъкид мешавад, ки бисёре аз паноҳандагони афғон Тоҷикистонро, барои зиндагии доимӣ интихоб накардаанд, балки тавассути ҶТ талош мекунанд, ба кишварҳои хориҷ бираванд.
Дар зимн Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагии "Россотрудничество" дар Душанбе талош дорад, барои паноҳҷӯёни афғон кумак расонад.
Аз ҷумла паноҳандагони афғонистонӣ бо мақсади соҳибкасб шудан дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Намояндагии "Россотрудничество" давраи омӯзишии "Русӣ ҳамчун забони хориҷӣ" барои паноҳҷӯёни афғон дар Душанберо роҳандозӣ намуд. Таъкид мешавад, ки ҳадаф аз баргузории ин курсҳо кумак ба наврасону ҷавонон барои мутобиқ шудан ба зиндагӣ ва таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ мебошад.