https://sputnik.tj/20220923/raydihi-donbass-kherson-zaporozhe-1051621035.html
Оғози раъйдиҳӣ дар Донбасс ва Херсону Запороже
Оғози раъйдиҳӣ дар Донбасс ва Херсону Запороже
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва вилоятҳои Херсону Запроже дар мавриди пайвастшавӣ ба қаламрави Русия раъйашонро медиҳанд 23.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-23T11:40+0500
2022-09-23T11:40+0500
2022-09-23T11:40+0500
дар русия
ҳамапурсӣ
донетск
луганск
пайвастшавӣ
раъйдиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051580491_0:141:3139:1907_1920x0_80_0_0_b721ea889b2ea2012aa6b04df0fcfd21.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳамапурсӣ дар ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, ҳамчунин дар вилоятҳои Запороже ва Херсон оғоз шуд. "Соати 8:00 ба вақти Маскав раъйпурсӣ оид ба пайвастан ба Федератсияи Русия ба ҳайси субъект дар ҷумҳурии халқии Донетск оғоз шуд", - хабар дод РИА "Новости" аз қавли раиси Комиссияи марказии интихоботи ҶХД, Владимир Висотский. Раиси Донетск Денис Пушилин дар муроҷиаташ ба сокинони ҷумҳурӣ ҳамапурсиро "марҳилаи таърихӣ" номид."Баргузории раъйпурсӣ як марҳалаи таърихӣ аст. На танҳо барои он ки мо ба натиҷаи мусбати он боварӣ дорем, балки аз он сабаб аст, ки ин авҷи роҳи умумии мушкили мост. Аввал давлати соҳибистиқлол шудем, баъдан ба эътирофи ҷумҳурӣ ноил гардидем ва инак - қадами сеюм пайвастшавӣ ба Русия аст", - гуфт ӯ. Қаблан палатаҳои ҷамъиятии ҶХД ва ҶХЛ аз роҳбарони кишварҳояшон баргузории раъйпурсӣ барои пайвастшавӣ ба ҳайати Русияро дархост карда буданд ва рӯзҳои 23 то 27 сентябр замони баргузории ҳамапурсӣ таъйин шуд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран азми мардуми Донбасс, Херсон ва Запрожеро барои муайян кардани ояндаашон ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки ФР амнияти баргузории раъйпурсиро таъмин хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220921/hamapursi-rusiya-gharb-siloh-maskavro-faromush-kard-1051578363.html
донетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051580491_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_fb9ab33cbba63ebc167316218a19bcb9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, ҳамапурсӣ, донетск, луганск, пайвастшавӣ, раъйдиҳӣ
дар русия, ҳамапурсӣ, донетск, луганск, пайвастшавӣ, раъйдиҳӣ
Оғози раъйдиҳӣ дар Донбасс ва Херсону Запороже
Сокинони ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ва вилоятҳои Херсону Запроже дар мавриди пайвастшавӣ ба қаламрави Русия раъйашонро медиҳанд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳамапурсӣ дар ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, ҳамчунин дар вилоятҳои Запороже ва Херсон оғоз шуд.
"Соати 8:00 ба вақти Маскав раъйпурсӣ оид ба пайвастан ба Федератсияи Русия ба ҳайси субъект дар ҷумҳурии халқии Донетск оғоз шуд", - хабар дод РИА "Новости" аз қавли раиси Комиссияи марказии интихоботи ҶХД, Владимир Висотский.
Раиси Донетск Денис Пушилин дар муроҷиаташ ба сокинони ҷумҳурӣ ҳамапурсиро "марҳилаи таърихӣ" номид.
"Баргузории раъйпурсӣ як марҳалаи таърихӣ аст. На танҳо барои он ки мо ба натиҷаи мусбати он боварӣ дорем, балки аз он сабаб аст, ки ин авҷи роҳи умумии мушкили мост. Аввал давлати соҳибистиқлол шудем, баъдан ба эътирофи ҷумҳурӣ ноил гардидем ва инак - қадами сеюм пайвастшавӣ ба Русия аст", - гуфт ӯ.
Қаблан палатаҳои ҷамъиятии ҶХД ва ҶХЛ аз роҳбарони кишварҳояшон баргузории раъйпурсӣ барои пайвастшавӣ ба ҳайати Русияро дархост карда буданд ва рӯзҳои 23 то 27 сентябр замони баргузории ҳамапурсӣ таъйин шуд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран азми мардуми Донбасс, Херсон ва Запрожеро барои муайян кардани ояндаашон ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки ФР амнияти баргузории раъйпурсиро таъмин хоҳад кард.