Ҳамапурсӣ дар ҶМД, ҶМЛ, вилояти Запарожие ва Херсон чӣ гуна мегузарад? – видео

Обуна шудан
Дар ҳамапурсӣ барои пайвастан ба Русия сокинони вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Запорожие ва Херсон фаъолона овоз медиҳанд. Раҳбарони вилоятҳо аввал овоз доданд
Дар вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Запорожие ва Херсон ҳамапурсӣ барои пайвастан ба Русия оғоз шуд. Овоздиҳӣ панҷ рӯз, то 27 сентябр идома хоҳад кард.
Раиси ҶМД Денис Пушилин аллакай дар яке аз қитъаҳои ҳамшафат, ки комиссияи сайёр ба он ҷо омад, овоз дод, хабар медиҳад РИА “Новости”.

“Инро мо дер боз интизор будем” — гуфт оқои Пушилин.

Мардум ба мақомоти вилоят барои гузаронидани раъйпурсӣ муроҷиат карданд. Ба фикри намояндагони ҷумҳуриҳо ва вилоятҳо, ҳамроҳ шудан ба Русия амнияти мантақаҳои онҳоро таъмин карда, адолати таърихиро баркарор мекунад.
Вазорати дифои Русия гуфт, намояндагони кадом касбҳо ба артиш сафарбар намешаванд
Ба эътиқоди онҳо, ин тасмим дар заминаи амалҳои пайвастаи террористии мақомоти миллатгарои Украина ва кишварҳои узви НАТО аст, ки барои қатли мардуми ғайринизомӣ артиши Украинаро бо силоҳ таъмин мекунанд, қабул шудааст.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ахиран гуфт, кишвараш аз ин тасмими сокинони вилоятҳои Донбас, Запорожие ва Херсон пуштибонӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0